>

Маркази тарҷумаи Равод — 202

9:94 Вақте [аз ғазваи Табук] ба сӯяшон баргардед, бароятон узр меоваранд. [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Узр наёваред, мо ҳаргиз [сухани] шуморо бовар намекунем. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст ва ба зудӣ Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рафторатонро хоҳанд дид [ки оё тавба мекунед ё бар нифоқ мемонед]. Он гоҳ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳон ва ошкор бозгардонда мешавед ва Ӯ шуморо аз ончи мекардед, огоҳ мекунад»

9:95 [Эй муъминон, пас аз ҷанг] вақте ба сӯйи онон [ мунофиқон] бозгардед, бароятон ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, то аз [гуноҳи] онон чашмпӯшӣ кунед. Пас, аз эшон рӯ бигардонед, [чаро ки] бе тардид, онон палиданд ва ба [сазои] ончи мекарданд, ҷойгоҳашон дузах аст

9:96 Бароятон савганд ёд мекунанд, то аз онон хушнуд шавед, [ҳатто] агар шумо аз он розӣ шавед, Аллоҳ таоло ҳаргиз аз гурӯҳи нофармон розӣ намегардад

9:97 Куфру нифоқи аъроб [-и бодиянишин аз дигарон] шадидтар аст ва сазовортаранд, ки ҳудуди ончиро, ки Аллоҳ таоло бар Паёмбараш нозил кардааст, надонанд. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

9:98 Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ончиро [дар роҳи Аллоҳ таоло] харҷ мекунанд, хасорате [барои худ] медонанд ва бароятон интизори пешомадҳои бад доранд [то аз шумо раҳоӣ ёбанд]. Пешомади бад барои онон хоҳад буд ва Аллоҳ таоло шунавову доност

9:99 Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд ва ончиро, ки инфоқ мекунанд, боиси наздикӣ ба Аллоҳ таоло ва дуоҳои Паёмбар [дар ҳаққи хеш] медонанд. Огоҳ бошед! [Ин инфоқ] Мояи наздикии онҳост. Аллоҳ таоло [дар қиёмат] ононро дар ҷивори раҳмати хеш дархоҳад овард. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст