>

Маркази тарҷумаи Равод — 200

9:80 [Эй Паёмбар] Чи барои онон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ, [суде ба ҳолашон надорад, ҳатто] агар ҳафтод бор барояшон омурзиш бихоҳӣ, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намеомурзад, чаро ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш куфр варзиданд, ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад

9:81 Вомондагон [аз ғазваи Табук] пас аз [мухолифат бо] Расулуллоҳ аз хонанишинии худ шодмон шуданд ва аз инки бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунанд, кароҳат доштанд ва [ба афроди сустимон] мегуфтанд: «Дар ин гармо раҳсипор [-и ҷиҳод] нашавед». [Эй Паёмбар ба онон] Бигӯ: «Агар дармеёфтанд, оташи дузах [аз ин бисёр] сӯзонтар аст»

9:82 Ба сазои ончи мекарданд, бояд [дар дунё] кам биханданд ва [дар охират] бисёр бигирянд

9:83 Ва агар Аллоҳ таоло туро ба сӯйи гурӯҳе аз онҳо бозгардонд ва аз ту барои ҳамроҳӣ [дар ҷиҳоди дигар] иҷозат хостанд, бигӯ: «[Аз ин пас] Ҳаргиз бо ман раҳсипор [-и ҷиҳод] нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳ бо ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо нахустин бор ба хонанишинӣ ризоият додед, пас, бо хонанишинон бинишинед

9:84 Ва ҳаргиз бар ҳеҷ мурдае аз онон намоз нахон ва [барои дуо хондан ва талаби омурзиш] бар сари қабраш наист, [чаро ки] бе тардид, онон ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш куфр варзидаанд ва дар ҳоле мурданд, ки нофармон буданд

9:85 Ва [эй Паёмбар, афзунии] амвол ва фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Ба ростӣ, ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ба ин [васила] дар дунё азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

9:86 Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад [ва амр мекунад], ки «Ба Аллоҳ таоло имон биёваред ва ҳамроҳи паёмбараш ҷиҳод кунед», сарватмандонашон [барои нарафтан ба ҷиҳод] аз ту иҷозат мехоҳанд ва мегӯянд: «Бигзор, мо бо хонанишинон бошем»