>

Маркази тарҷумаи Равод — 20

2:127 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаи [Каъба] – ро боло мебурданд [ва мегуфтанд]:"Парвардигоро, [аъмоли неки мо, аз ҷумла бинои ин хонаи муқаддасро] аз мо бипазир, ки бе тардид Ту шунавову доноӣ"

2:128 Парвардигоро, моро [таслим ва] фармонбардори худ қарор бидеҳ ва аз фарзандонамон [низ] уммате фармонбардори худ [падид овар] ва одоби ибодатамонро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи моро бипазир. Ҳаққо, ки Ту тавбапазиру меҳрубонӣ

2:129 Парвардигоро, дар миёни онон [мардуми Макка] паёмбаре аз худашон [аз насли Исмоил] барангез, то оёти Туро бар онон бихонад ва ба эшон китобу ҳикмате биёмӯзаду [аз ширку нодонӣ] покиза гардонад. Ҳамоно ки Ту пирӯзманду ҳакимӣ

2:130 Ва чи касе ҷуз он ки худро ба [сабуксариву] нодонӣ меандозад аз оини Иброҳим рӯйгардон мегардад? Ва ба ростӣ, ки мо ӯро дар дунё баргузидем ва бе тардид дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд

2:131 Он гоҳ, ки Парвардигораш ба ӯ фармуд: "[Холисона] Таслим шав" [ва ӯ дар посух] гуфт: "Таслими Парвардигори ҷаҳониён шудам"

2:132 Ва Иброҳиму Яқуб фарзандони худро ба ин оин супориш карданд [ва ҳар як ба онон мегуфтанд]: "Эй фарзандони ман, Аллоҳ таоло ин оинро барои шумо баргузида аст [пас, ба он бигаравед] ва аз дунё наравед, магар ин ки таслими [фармони Ҳақ] бошед"

2:133 Оё ҳангоме ки марги Яқуб фаро расид, шумо ҳозир будед? Он гоҳ, ки ба фарзандони худ гуфт: "Баъд аз ман чи чизро мепарастед"? Гуфтанд: "Маъбуди ту ва маъбуди падаронат – Иброҳим ва Исмоилу Исҳоқ – Аллоҳи якторо мепарастем ва мо таслими Ӯ ҳастем"

2:134 Онон уммате буданд, ки даргузаштанд, он чи ки [аз натиҷаи аъмолашон] касб кардаанд, барои онҳост ва он чи шумо касб кардаед, барои шумост ва шумо дар бораи он чи [онон] мекарданд, бозхост нахоҳед шуд