Маркази тарҷумаи Равод — 2
2:1 Алиф, лом, мим.[1]
2:2 Ин китобест, ки ҳеҷ тардиде [шакку гумоне] дар [китоби илоҳӣ будани] он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст.
2:3 Он касоне, ки [дар ниҳону ошкор] ба ғайб имон доранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, инфоқ [сарфу харҷ ва хайр] мекунанд.
2:4 Ва онҳое, ки ба он чи бар ту ва [бар паёмбарони] пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва бар рӯзи растохез яқин доранд.
2:5 Онҳо аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидоят бархӯрдоранд ва ононад, ки растагоранд.