>

Маркази тарҷумаи Равод — 196

9:55 Пас, [эй Паёмбар] амволу фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло мехоҳад дар зиндагии дунё ба василаи инҳо азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

9:56 Ва онон [ мунофиқон] ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки аз шумо [муъминон] ҳастанд, дар ҳоле ки аз шумо нестанд, вале онон гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд [ва ба ин сабаб савганд мехӯранд]

9:57 Агар паноҳгоҳ ё ғор ё гурезгоҳе пайдо кунанд, шитобон ба сӯйи он рӯ меоваранд

9:58 Ва бархе аз онон ҳастанд, ки дар [тақсими] садақот [ва ғаноим] бар ту хурда мегиранд, пас, агар аз он [амвол] ба эшон дода шавад, хушнуд мегарданд ва агар аз он ба эшон дода нашавад, он гоҳ хашмгин мешаванд

9:59 Ва [ҳатман, бар эшон беҳтар буд], агар онон ба ончи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба эшон додаанд, хушнуд мегаштанд ва мегуфтанд: «Аллоҳ таоло бароямон кофист, ба зудӣ Аллоҳ таоло ва Паёмбараш аз фазлу бахшиши худ ба мо медиҳад ва мо ба Аллоҳ таоло [умедвор ва ] муштоқем»

9:60 Садақот [ва закот] ихтисос дорад ба фақирон [-и тиҳидаст] ва мустамандон [-и тангдаст] ва коргузорон [-и ҷамъоварӣ ва тавзеи] он ва дилҷӯишудагон [тозамусулмон] ва барои [озод кардани] бардагон ва [пардохти воми] қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ таоло ва [кумак ба] дарроҳмондагон. [Ин] Фаризаи [муқарраршуда] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

9:61 Ва бархе аз онон [мунофиқон] ҳастанд, ки Паёмбарро меозоранд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар [ва саропо гӯш] аст». [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ барои шумо [фақат] шунавандаи сухани хайр аст. [Вай] ба Аллоҳ таоло имон дорад ва [сухани] муъминонро бовар дорад ва барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд, раҳматест». Ва касоне, ки Расулуллоҳро меозоранд, азоби дарднок [дар пеш] доранд