Маркази тарҷумаи Равод — 195
9:48 Яқинан, пеш аз ин [низ мунофиқон бисёр] фитнаҷӯӣ карданд ва корҳоро бар ту [воруна ва] ошуфта ҷилва доданд, то онки ҳақ омад ва фармони Аллоҳ таоло ошкор гардид, дар ҳоле ки онон кароҳат доштанд
9:49 Ва аз эшон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Ба ман иҷозат бидеҳ, [ки ҷиҳод накунам] ва маро дар фитна наандоз». Огоҳ бошед! [Мунофиқон] Ҳам акнун низ дар фитна афтодаанд ва бе тардид, дузах бар кофирон иҳота дорад
9:50 [Эй Паёмбар] Агар ба ту некӣ бирасад, ононро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегӯянд: «Мо пеш аз ин чораи кори худ андешидаем» ва шодмон [назди хонаводаҳояшон] бозмегарданд
9:51 Бигӯ: «Ҳаргиз [мусибате] ба мо намерасад, ҷуз ончи Аллоҳ таоло бароямон муқаррар кардааст. Ӯ [дӯсту] корсози мост ва муъминон бояд ба Аллоҳ таоло таваккал кунанд»
9:52 [Ба мунофиқон] Бигӯ: «Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Дар ҳоле ки мо интизор мекашем, ки Аллоҳ таоло аз ҷониби хеш ё ба дасти мо ба азоб [-и сахте] гирифторатон кунад. Пас, интизор бикашед, ки бе тардид, мо [низ] бо шумо мунтазирем»
9:53 [Ба мунофиқон] Бигӯ: «Чи бо рағбат, чи бо кароҳат инфоқ кунед, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, [чаро ки] бе тардид, шумо гурӯҳи нофармон будаед»
9:54 Ва ҳеҷ чиз монеи қабули бахшишҳояшон нашуд, ҷуз инки онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзиданд ва ҷуз бо сустӣ намоз намегузоранд ва ҷуз ба кароҳат [ва бемайлӣ] инфоқ намекунанд