>

Маркази тарҷумаи Равод — 194

9:41 Сабукбору гаронбор [ба ҳар ҳолате барои ҷиҳод] раҳсипор шавед ва бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст

9:42 [Эй Паёмбар] Агар [ҳадафи мунофиқон аз ҳамроҳӣ бо ту касби ғанимат ва ёфтани] моле дар дастрас ва сафари [осон ва] кӯтоҳ буд, ҳатман, ба дунболат меомаданд. Вале он роҳи пурмашаққати [ Шом] бар эшон дур [-у душвор] намуд ва ба зудӣ ба Аллоҳ таоло савганд хоҳанд хӯрд, ки: «Агар метавонистем, ҳатман, бо шумо раҳсипор мешудем» [Онон бо нофармонӣ ва савганди дурӯғ] худро ба ҳалокат афканданд ва Аллоҳ таоло медонад, ки онон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

9:43 [Эй Паёмбар] Аллоҳ таоло аз ту даргузарад! Чаро пеш аз онки [ҳоли] ростгӯён бар ту равшан гардад ва дурӯғгуёнро бозшиносӣ, ба онон иҷозат додӣ [ки дар ҷиҳод ширкат кунанд]?

9:44 Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд, дар ҷиҳод бо амволу ҷонҳояшон аз ту иҷозат [муофият] намехоҳанд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност

9:45 Танҳо касоне аз ту иҷозат [-и муофият аз ҷиҳод] мехоҳанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон надоранд ва дилҳояшон ба тардид олуда аст ва дар тардиди худ саргардонанд

9:46 Ва агар [ба ростӣ] иродаи раҳсипорӣ [ба қасди ҷиҳод] доштанд, ҳатман, созу барге барояш фароҳам мекарданд, вале Аллоҳ таоло раҳсипори ононро хуш надошт, пас, эшонро мунсариф намуд ва [ба онон] гуфта шуд: «Бо хонанишинон бимонед»

9:47 [Эй муъминон] Агар [мунофиқон] ҳамроҳи шумо раҳсипор мешуданд, [ба сабаби буздилӣ ва фирор аз майдони ҷанг] ҷуз фитна ва фасод бароятон ба бор намеоварданд ва миёнатон нуфуз менамуданд ва дар ҳаққи шумо фитнаҷӯӣ мекарданд ва дар ҷамъатон ҷосусоне доранд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон огоҳ аст