>

Маркази тарҷумаи Равод — 193

9:37 Бе тардид, ба таъхир андохтан [-и моҳҳои ҳаром ва барҳам задани тартиби асли онҳо муҷиби] афзоиши куфр аст [ва] касоне, ки куфр варзиданд, бо ин кор ба гумроҳӣ кашида мешаванд. Он [моҳ]-ро як сол ҳалол мешуморанд ва як сол [-и дигар] ҳаромаш медонанд, то бо теъдоди моҳҳое, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, баробар созанд. Пас, [ба он сабаб] ончиро, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, [бар худ] ҳалол мекунанд.Зиштии аъмолашон бар эшон ороста шудааст ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад

9:38 Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо чи шудааст, ки чун ба шумо гуфта мешавад: «Дар роҳи Аллоҳ таоло раҳсипор [ҷиҳод] шавед», сустӣ ба харҷ медиҳед [ва дар хонаҳоятон менишинед]? Оё ба ҷойи охират ба зиндагии дунё дилхуш кардаед? [Пас, бидонед, ки] колои зиндагии дунё дар баробари охират ҷуз андаке нест

9:39 [Эй муъминон] Агар раҳсипор [-и ҷиҳод] нагардед, [Аллоҳ таоло] ба азоби дарднок гирифторатон мекунад ва ба ҷойи шумо гурӯҳи дигареро меоварад ва [шумо бо нофармонӣ ҳаргиз] ба Ӯ зиёне намерасонед. Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

9:40 [Эй асҳоби Паёмбар] Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, ҳатман, Аллоҳ таоло ёриаш намуд: ҳангоме ки кофирон ӯро [аз Макка] берун карданд, он гоҳ ки яке аз он ду, ки дар ғор [-и Савр паноҳ гирифта] буданд, ба ҳамроҳи худ [Абубакр] гуфт: «Андуҳгин мабош, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бо мост». Пас, Аллоҳ таоло оромиши худро бар ӯ фурӯ фиристод ва ӯро бо сипоҳиёне, ки онҳоро намедидед, таъйид [-у тақвият] кард ва сухани касонеро, ки куфр варзиданд, пасттар гардонд. Ва сухани Аллоҳ таолост, ки бартар аст ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст