Маркази тарҷумаи Равод — 192
9:32 Онон мехоҳанд нури Аллоҳ таолоро бо суханони хеш хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло ҷуз ин намехоҳад, ки нури хешро комил кунад, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд
9:33 Ӯст, ки Паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд
9:34 Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, бисёре аз уламо[-и яҳудӣ] ва роҳибон, амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва [ононро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд.Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ
9:35 Рӯзе, ки он [ганҷинаҳо]-ро дар оташи дузах сурх кунанд ва пешонӣ ва паҳлу ва пушташонро бо он доғ ниҳанд [ва бигӯянд]: «Ин аст ончи барои хеш меандӯхтед, пас, бичашед ончиро, ки меандӯхтед»
9:36 Шумори моҳҳо назди Аллоҳ таоло [аз] рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дар китоби Аллоҳ таоло [Лавҳи маҳфуз] дувоздаҳ моҳ аст, ки [ҷангу даргирӣ дар] чаҳор моҳ аз он ҳаром аст [Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб]. Ин аст оини устувор [ва роҳи ҳақ]. Пас, дар ин [чаҳор моҳ] бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чунонки ҳамаи онон бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Алллоҳ таоло ҳамроҳи парҳезгорон аст