Маркази тарҷумаи Равод — 190
9:21 Парвардигорашон ононро аз ҷониби хеш ба раҳмату хушнудӣ ва боғҳое [дар биҳишт] мужда медиҳад, ки дар онҳо неъматҳои пойдор доранд
9:22 Ҳамвора дар он ҷовидонанд. Ба ростӣ, ки подоши бузург [фақат] назди Аллоҳ таоло аст
9:23 Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон куфрро бар имон тарҷеҳ медиҳанд, [ононро] ба дӯстӣ нагиред ва ҳар касе аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад, онон ҳамон ситамгоронанд
9:24 [Эй Паёмбар, ба муъминон] Бигӯ: «Агар падарону фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандонатон ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, назди шумо аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ маҳбубтаранд, пас, мунтазир бошед, то Аллоҳ таоло фармони [азоби] хешро нозил кунад. Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад»
9:25 Бе тардид, Аллоҳ таоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед]
9:26 Сипас Аллоҳ таоло оромиши хешро бар Паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва сипоҳиёнеро, ки шумо намедидед [ба кумакатон] фиристод ва ононро, ки куфр варзида буданд, азоб кард. Ва ҷазои кофирон чунин аст