>

Маркази тарҷумаи Равод — 19

2:120 Яҳудиён ва масеҳиён ҳаргиз аз ту хушнуд нахоҳанд шуд, магар ин ки аз оини онон пайравӣ кунӣ. Бигӯ: "Бе тардид, ҳидоят [-и ростин] ҳидояти Аллоҳ таоло аст" ва [яқин бидон] агар пас аз донише, ки ба ту расидааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунӣ, дар баробари Аллоҳ таоло ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳӣ дошт

2:121 Касоне, ки китоби осмонӣ [Таврот ва Инҷил] ба онҳо додаем [ва] онро чунон, ки шоистааст мехонанд, ба [матолиби] он [ки дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад ва рисолаташ мебошад] имон меоваранд; ва касоне, ки ба ӯ [ва оинаш] кофир шаванд, онон зиёндидагонанд

2:122 Эй Бани Исроил, неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва [низ] ин ки шуморо [ба далели бархӯрдорӣ аз ҳидоят] ба ҷаҳониён бартарӣ додам

2:123 Аз рӯзе битарсед, ки ҳеҷ кас аз дигаре дифоъ намекунад ва ҳеҷ товону фидяе аз ӯ пазируфта намешавад ва шафоат барояш суде надорад ва [инсонҳо] ёрӣ намешаванд

2:124 Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло Иброҳимро бо суханон [-и фарогир бар аҳкому таколифи шаръӣ] озмуд ва ӯ ҳамаро ба хубӣ ба анҷом расонд. [Аллоҳ таоло ба вай] Фармуд: "Ман туро пешвои мардум қарор медиҳам". [Иброҳим] гуфт: "[Парвардигоро] Аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор бидеҳ, то мардум ба онон иқтидо кунанд]". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Аҳду паймони Ман [бо ту дар мавриди пешвои дин] ба ситамгорон намерасад"

2:125 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки хонаи [Каъба] – ро маҳалли бозгашт [-и ҳоҷиёни муштоқ] ва [ҷойи] амне барои мардум қарор додем ва [муқаррар кардем, ки] мақоми Иброҳимро намозгоҳе барои хеш интихоб кунед ва мо ба Иброҳим ва Исмоил ваҳй кардем, ки: "Хонаи маро барои тавофкунандагону муътакифон ва рукуъу суҷудкунандагон [намозгузорон] поку покиза кунед"

2:126 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигоро, ин [сарзамини Макка]-ро шаҳри амн бигардон ва аҳли онро – [яъне] касоне аз эшонро, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаанд – аз меваҳои [гуногун] рӯзӣ бидеҳ". [Аллоҳ таоло] фармуд: "Ҳар ки кофир шавад, андаке баҳрамандаш месозам, сипас ӯро ба азоби оташ мекашонам ва чи бад саранҷоме аст"!