>

Маркази тарҷумаи Равод — 189

9:14 Бо онон биҷангед, то Аллоҳ таоло ба дасти шумо азобашон кунад ва хорашон созад ва шуморо бар онон пирӯз гардонад ва дилҳои муъминонро ором бахшад

9:15 Ва [бо шикасти кофирон] хашми дилҳои онон [муъминон] –ро бартараф кунад. Ва Аллоҳ таоло аз ҳар ки бихоҳад, дармегузарад. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

9:16 Оё пиндоштаед, ки [бидуни имтиҳони илоҳӣ] ба ҳоли худ раҳо мешавед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод карданд ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ва Паёмбар ва муъминон [касеро ба дӯстӣ ва] ҳамрозӣ нагирифтаанд, маълум надоштааст? Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, огоҳ аст

9:17 Сазовор нест, ки мушрикон масоҷиди Аллоҳ таолоро обод кунанд, дар ҳоле ки онон [амалан] ба куфри хеш гувоҳанд [ва онро изҳор мекунанд], ононанд, ки аъмолашон табоҳ гаштааст ва худ дар оташи [дузах] ҷовидонанд

9:18 Масоҷиди Аллоҳ таолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ таоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд

9:19 [Эй мушрикон] Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод кардани Масҷиду-л-ҳаромро бо [имону амали] касе, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон оварда ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кардааст, баробар медонед? [Ин ду ҳаргиз] Назди Аллоҳ таоло баробар нестанд. Ва Аллоҳ таоло ситамгорон [-и мушрик]-ро ҳидоят намекунад

9:20 Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло бо амвол ва ҷонҳои хеш ҷиҳод карданд, назди Аллоҳ таоло мақоми бартаре доранд ва инон ҳамон растагоронанд