Маркази тарҷумаи Равод — 188
9:7 Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад
9:8 Чигуна [паймони мушрикон арзиш дорад] бо инки агар бар шумо даст ёбанд, дар бораи шумо на [ҳаққи] хешовандиро муроот мекунанд ва на ҳеҷ паймонеро?! Онон шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд ва ҳол онки дилҳояшон имтиноъ меварзад ва бештарашон нофармонанд
9:9 Оёти Аллоҳ таолоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳи Ӯ боздоштанд. Ба ростӣ, чи бад аъмоле анҷом медоданд!
9:10 Инон дар ҳаққи ҳеҷ муъмине, на [ҳаққи] хешовандӣ муроот [риоя] мекунанд ва на паймонеро. Ва инонанд, ки таҷовузкоранд
9:11 Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ва Мо оёти худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем
9:12 Ва агар [тааҳҳуду] савгандашонро пас аз паймони хеш шикастанд ва дар динатон таъна заданд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; зеро онон аҳд [-у паймоне бо шумо] надоранд, бошад, ки [аз рафтори худ] даст бардоранд
9:13 Эй муъминон] Чаро бо гурӯҳе намеҷангед, ки савганд [ва паймони] худро шикастанд ва дар берун рондани Паёмбар [аз Макка] кӯшиданд? Онон буданд, ки нахустин бор [бо ёрӣ кардани қабилаи Бакр дар баробари Хузоа ҷангро] бо шумо оғоз карданд. Оё аз онон метарсед? Дар ҳоле ки агар имон доред, Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсед