Маркази тарҷумаи Равод — 185
8:62 Ва агар [кофирон бо тазоҳур ба оштӣ] бихоҳанд фиребат диҳанд, пас, Аллоҳ таоло бароят кофӣ аст. Ӯст, ки бо ёрии худ ва муъминон, туро таъйид [-у тақвият] намуд
8:63 Ва байни дилҳояшон [меҳрубонӣ ва] улфат барқарор намуд. [Эй Паёмбар] Агар ту тамоми ончиро, ки дар рӯйи замин аст, харҷ мекардӣ, [ҳаргиз] наметавонистӣ байни дилҳояшонро улфат диҳӣ, вале Аллоҳ таоло миёни онон улфат падид овард. Ба ростӣ, ки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
8:64 Эй Паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ таоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст
8:65 Эй Паёмбар, муъминонро ба ҷанг ташвиқ кун. Агар аз шумо [муъминон] бист нафар [бар ҷиҳод] шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] ғалаба мекунанд ва агар сад нафар аз шумо [инчунин] бошанд, бар ҳазор нафар аз касоне, ки куфр варзиданд, ғалаба мекунанд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки [арзиши ҳақиқии ҷиҳодро] намефаҳманд
8:66 Акнун Аллоҳ таоло ба шумо сабук гирифт ва донист, ки [бар асари ҷанг] заъфе дар вуҷудатон аст. Пас, агар аз [миёни] шумо сад нафар шикебо бошанд, бар дусад нафар [аз кофирон] пирӯз мешаванд ва агар аз шумо ҳазор нафар бошанд, ба фармони Аллоҳ таоло, бар ду ҳазор нафар ғолиб хоҳанд шуд.Ва Аллоҳ таоло бо шикебоён аст
8:67 Барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки асироне [аз лашкари кофирон] дошта бошад, ки [битавонад бо эъдоми онҳо] дар замин куштори бисёре ба роҳ андозад [то ба ин васила душманро ба ваҳшат биандозад], Шумо [муъминон бо гирифтани фидя аз асирони Бадр сарват ва] колои дунёро мехоҳед ва Аллоҳ таоло охиратро [бароятон] мехоҳад ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
8:68 Агар дар ончи [аз ғаноиму фидяҳо] гирифтаед, ҳукми пешини илоҳӣ вуҷуд надошт [ва онро бароятон ҳалол накарда буд], ҳатман, азоби бузург ба шумо мерасид
8:69 Пас, [акнун] аз ончи ғанимат гирифтаед, ҳалолу покиза бихӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст