Маркази тарҷумаи Равод — 184
8:53 Ин [кайфари сахт] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набудааст, ки неъматеро, ки бар мардуме арзонӣ доштааст, дигаргун кунад, магар онки онон [рафтори муваҳҳидонаи] худро тағйир диҳанд [ва куфру носипосӣ биварзанд] ва бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову доност
8:54 [Кофирон рафторе доранд] Ҳамчун рафтори фиръавниён ва касоне, ки пеш аз онон буданд, ки оёти Парвардигорашонро дурӯғ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро ба кайфари гуноҳҳояшон ҳалок кардем ва фиръавниёнро ғарқ намудем ва ҳамагӣ [мушрику] ситамгор буданд
8:55 Яқинан, бадтарин ҷунбандагон назди Аллоҳ таоло касоне ҳастанд, ки куфр варзиданд ва имон намеоваранд
8:56 [Ҳамон] Касоне, ки бо онон паймон бастӣ, вале ҳар бор паймонашонро мешикананд ва [аз Аллоҳ таоло] парво намекунанд
8:57 Ва [эй Паёмбар] агар дар ҷанг бар онон даст ёфтӣ, чунон дар ҳам бикӯбашон, ки ибрати дигарон гардад, бошад, ки [дигарон] панд гиранд
8:58 Ва агар аз гурӯҳе бими хиёнат дорӣ, [паймонашонро] ба онон бозгардон, [то огоҳии тарафайн аз шикасти паймон] ба таври яксон [бошад]. Бе тардид, Аллоҳ таоло хоинонро дӯст надорад
8:59 Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз мапиндоранд ки ҷон бадар бурдаанд [ва наҷот ёфтаанд], онон ҳаргиз [аз маргу азоб] роҳи гурезе надоранд
8:60 Ва [эй муъминон] ҳарчи дар тавон доред, аз неру ва аспҳои омода [ва ҷангафзор], басиҷ кунед, то бо ин [тадорукот] душмани Аллоҳ таоло ва душмани хешро битарсонед, ҳамчунин, [бо ин таҷҳизот душманони] дигареро ғайр аз эшон, ки шумо ононро намешиносед, ва [-ле] Аллоҳ таоло мешиносадашон [ба ваҳшат бияндозед] ва ҳарчи дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед, подоши он ба шумо бозгардонда мешавад ва бар шумо ситам намеравад
8:61 Ва агар [кофирон] ба сулҳ моил шуданд, пас, ту [низ эй Паёмбар] аз дари сулҳ даро ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Бе гумон, Ӯст, ки шунавову доност