>

Маркази тарҷумаи Равод — 183

8:46 Ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва [дар тасмимгирӣ] бо якдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва [тавону] иқтидоратон аз байн меравад. Ва шикебоӣ кунед, ки бе гумон, Аллоҳ таоло бо шикебоён аст

8:47 Ва монанди касоне набошед, ки бо саркашию худнамоӣ дар баробари мардум аз сарзамини худ [Макка] хориҷ шуданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, иҳота дорад

8:48 Ва [эй муъминон, ба ёд оред] ҳангоме ки шайтон аъмоли ононро дар назарашон орост ва гуфт: «Имрӯз ҳеҷ кас бар шумо пирӯз намешавад ва ман [ёвару] паноҳатон ҳастам». Аммо ҳангоме ки ду гурӯҳ [бо ҳам] рӯбарӯ шуданд, ба ақиб бозгашту гуфт: «Ба ростӣ, ки ман аз шумо безорам ва чизе [фариштагони ёригар] –ро мебинам, ки шумо намебинед. Ман аз Аллоҳ таоло метарсам ва [аз ҳалок бим дорам, чаро ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст»

8:49 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ буд, мегуфтанд: «Ин муъминонро динашон фирефта аст» ва ҳар ки бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, [осудахотир бошад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст

8:50 Ва агар медидӣ,он гоҳ ки фариштагон ҷони кофиронро меситонданд, бар сурату пушташон мезаданд ва [мегӯянд]: «Азоби сӯзонро бичашед

8:51 Ин [ҷондодани сангин ва азоби дарднок] дар муқобили корҳоест, ки аз пеш фиристодаед, ва[-гарна] Аллоҳ таоло нисбат ба бандагони [худ] ситамгор нест».

8:52 [Азоби ин кофирони ҳақситез] Ҳаммонанди шеваи [муҷозоти ] фиръавниён ва [дигар] касонест, ки пеш аз онон буданд, [ки ҳамагӣ] ба оёти Аллоҳ таоло куфр варзиданд ва Аллоҳ таоло ононро ба [сазои] гуноҳонашон гирифтор кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди сахткайфар аст