>

Маркази тарҷумаи Равод — 182

8:41 Ва бидонед ҳар ғанимате, ки ба даст овардед, як панҷумаш [панҷякаш] барои Аллоҳ таоло ва Паёмбар ва барои хешовандон [-и Паёмбар, аз Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб] ва ятимони [ноболиғ] ва тиҳидастон ва дарроҳмондагон аст. Агар ба Аллоҳ таоло ва ончи ки бар бандаи худ дар рӯзи ҷудоӣ [ҳақ аз ботил], рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [муъминон ва мушрикон] нозил кардем, имон доред [ба ин аҳком амал кунед] ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

8:42 Он гоҳ ки шумо [муъминон] бар доманаи наздиктар будед ва онон дар доманаи дуртар қарор доштанд ва корвон [-и тиҷории Курайш] поёнтар аз [майдони ҷанг ва дур аз тиррасии] шумо буд ва агар [шумо ва мушрикон] бо якдигар [дар мавриди маҳалли даргирӣ] ваъда гузошта будед, ҳатман, дар ваъдагоҳи худ ихтилоф мекардед, вале [ба иродаи илоҳӣ дар Бадр ҷамъ шудед], то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад, то ҳар [кофире] ки ҳалок мешавад, [бо вуҷуди бартарии низомӣ ва ададӣ дар ширку гумроҳӣ] ҳалок гардад ва ҳар [муъмине] ки зинда мемонад, [ба ҳидоят] зиндагӣ ёбад [ва ин марг ва зиндагӣ] бар асоси далели равшан бошад ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност

8:43 [Ба ёд овар] Он гоҳ ки Аллоҳ таоло [иддаи] ононро дар хобат ба ту андак нишон дод ва агар эшонро бисёр нишон медод, мусалламан, суст [-у баддил] мешудед ва дар кори [ҷанг] ихтилоф мекардед. Вале Аллоҳ таоло [шуморо аз сустӣ ва ихтилоф] дар амон нигоҳ дошт. Бе гумон, Ӯ ба ончи дар синаҳост, огоҳ аст

8:44 Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки бо ҳам рӯбарӯ шудед, ононро ба чашми шумо камтеъдод намуд ва шуморо [низ] ба чашми онон андак ҷилва дод, то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад ва [бидонед, ки ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад

8:45 Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед