>

Маркази тарҷумаи Равод — 181

8:34 Ва чаро Аллоҳ таоло [дар охират] азобашон накунад, бо инки онон [мардумро] аз [тавоф ва ибодат дар] Масҷиду-л-ҳаром бозмедоранд? Ва [мушрикон] ҳаргиз дӯстони Аллоҳ таоло набудаанд, [зеро] дӯстони Аллоҳ таоло касе ҷуз парҳезгорон нестанд, вале бештарашон намедонанд

8:35 Ва намозашон назди хонаи [Каъба] чизе ҷуз фарёд кашидан ва каф задан набуд, пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, азоб [-и шикасту асорат дар Бадр]–ро бичашед

8:36 Онон ки куфр варзиданд, амволашонро харҷ мекунанд, то [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд, пас, ба зудӣ ҳамаро харҷ мекунанд, он гоҳ [ин кор мояи] ҳасрат ва пушаймонияшон мегардад ва сипас шикаст мехӯранд ва [саранҷом] касоне, ки куфр варзиданд, ба сӯйи [оташи] дузах кашонда мешаванд

8:37 То [тавассути азоби дузах] Аллоҳ таоло [муъминони] покро аз [мушрикони] палид ҷудо кунад ва [тамоми он амволи] палидро [ки барои нобудии Ислом сарф мешуд] бар ҳам ниҳад ва ҳамагиро мутароким созад ва сипас [якҷо] дар дузах қарор диҳад. Инон ҳамон зиёндидагони [воқеӣ] ҳастанд

8:38 [Эй Паёмбар] ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ, [ки] агар [аз ширк ва душманӣ] даст бардоранд, гузаштаҳояшон бахшида мешавад, ва [-ле] агар [ба рафтори гузаштаи худ] бозгарданд, суннат [-у азоби илоҳӣ, ки дар мавриди] пешиниён гузашт, [такрор хоҳад шуд]

8:39 Ва [эй муъминон] бо онон пайкор кунед, то фитна [ширк] решакан шавад ва [парастишу] дин ҳама аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар онон [аз ширку озор] даст бардоштанд, [раҳояшон кунед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, биност

8:40 Ва агар [аз фармудаҳои илоҳӣ] сарпечӣ кунанд, пас, бидонед ки Аллоҳ таоло [дӯсту] корсози шумост. Чи наку корсоз ва чи наку ёваре ҳаст!