Маркази тарҷумаи Равод — 180
8:26 Ва ба ёд оваред замонеро, ки шумо дар сарзамини [Макка] андак ва нотавон будед [ва] метарсидед ки мардумон [-и мушрик] шуморо бирабоянд, пас, Аллоҳ таоло [дар Мадина] паноҳатон дод ва бо ёрии хеш нерумандатон сохт ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид, бошад, ки сипос гузоред
8:27 Эй касоне, ки имон овардаед, [бо сарпечӣ аз авомир ва навоҳӣ] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар хиёнат накунед ва [ҳамчунин] дар амонатҳои худ хиёнат накунед, дар ҳоле ки медонед [ин кор гуноҳ аст]
8:28 Ва бидонед, ки бе тардид, амволу фарзандонатон [василаи] озмоиш аст ва подоши бузург назди Аллоҳ таоло аст
8:29 Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Аллоҳ таоло парво кунед, барои шумо [неруи] ташхис [-и ҳаққу ботил] қарор медиҳад ва гуноҳонатонро аз шумо мезудояд ва шуморо меомурзад. Ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург аст
8:30 Ва [эй Паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки кофирон дар бораат дасиса мекарданд, ки туро ба зиндон биафкананд ё бикушанд ё [аз Макка] берунат кунанд. Онон макр меандешиданд ва Аллоҳ таоло [низ тадбиру] макр мекард. Ва Аллоҳ таоло беҳтарини макрангезон аст
8:31 Ва чун оёти Мо бар онон хонда шавад, мегӯянд: «Ба хубӣ шунидем. Агар мехостем, мо низ ҳатман, ҳаммонанди ин [суханон]-ро мегуфтем. Ин [Қуръон, чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён»
8:32 Ва [ба ёд овар] он гоҳ ки гуфтанд: «Парвардигоро, агар ин [Қуръон] ба ростӣ ҳақ аст ва аз ҷониби Туст, пас, аз осмон сангҳо [-и вайронгар] бар мо бибор ё азоби дарднок бар мо бифирист»
8:33 Ва[-ле эй Муҳаммад] дар миёни онон ҳастӣ, Аллоҳ таоло бар он нест ки азобашон кунад ва то замоне, ки [аз даргоҳи илоҳӣ] омурзиш металабанд, Аллоҳ таоло азобкунандаи эшон нест