Маркази тарҷумаи Равод — 177
8:1 [Эй Паёмбар] Аз ту дар бораи [тақсим] анфол [ғаноими ҷангӣ] мепурсанд, бигӯ: «Анфол аз они Аллоҳ таоло ва паёмбар аст, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо якдигар созиш намоед ва агар имон доред, аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед
8:2 Бе тардид, муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки чун ёди Аллоҳ таоло мешавад, дилҳояшон ҳаросон мегардад ва чун оёташ бар онон хонда мешавад, бар имонашон меафзояд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
8:3 Касоне, ки намоз барпо медоранд ва аз ончи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд.
8:4 Онон ҳастанд, ки ба ростӣ муъминанд. Барои онон назди Парвардигорашон дараҷот [-и воло] ва омурзишу рӯзии наку хоҳад буд
8:5 [Эй Паёмбар, ихтиёри комили ту бар ғаноим муҷиби нохушнудии бархе афрод аст, дуруст] Ҳамон тавре ки Парвардигорат туро ба ҳақ аз хонаат [дар Мадина ба сӯйи майдони Бадр] берун овард ва ҳатман, гурӯҳе аз муъминон [аз ҷангидан] нохушнуд буданд
8:6 Онон пас аз онки ҳақиқат ошкор шуд, дар бораи ҳақ [-и ҷиҳод] бо ту муҷодала мекунанд, гӯё эшонро ба сӯйи марг меронанд, дар ҳоле ки худ [ба мурданашон] менигаранд
8:7 Ва [эй муҷоҳидон, ба ёд оваред] ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод, ки [ғаноими] яке аз ду гурӯҳ [корвони тиҷорӣ ё лашкар] насибатон хоҳад шуд ва шумо дӯст доштед, ки корвони ғайри низомӣ [тиҷорӣ] барои шумо бошад ва Аллоҳ таоло мехост бо суханони хеш [дар бораи куштори кофирон] ҳақ [-и Ислом]–ро пойдор гардонад ва решаи кофиронро қатъ кунад
8:8 [Аллоҳ таоло Исломро пирӯз кард] То ҳақро собит намояд ва ботилро аз миён бардорад, ҳарчанд гунаҳгорон [-и мушрик] нохушнуд бошанд