>

Маркази тарҷумаи Равод — 176

7:196 Бе тардид, [дӯсту] корсози ман Аллоҳ таоло аст, ки [ин] китобро нозил кардааст ва Ӯ барои шоистагон [дӯстӣ ва] корсозӣ мекунад

7:197 Ва касонеро, ки [шумо мушрикон] ба ҷойи Ӯ мехонед, наметавонанд шуморо ёрӣ кунанд ва на ба хештан ёрӣ расонанд

7:198 Ва агар ононро ба ҳидоят даъват кунед, [суханонатонро] намешунаванд ва ононро мебинӣ, ки [зоҳиран] ба ту нигоҳ мекунанд, дар ҳоле [ҷимодоте ҳастанд] ки намебинанд»

7:199 [Эй Паёмбар] Гузашт пеша кун ва ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нодонон рӯ бигардон

7:200 Ва агар васвасае аз сӯйи шайтон туро барангезонд, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, [ки] бе тардид, Ӯ шунавову доност

7:201 Дар ҳақиқат, касоне, ки [аз Аллоҳ таоло] парво мекунанд, чун васвасае аз ҷониби шайтон ба онон расад, [Аллоҳ таолоро] ба ёд меоваранд ва он гоҳ [нисбат ба ҳақиқат] бино мешаванд

7:202 Ва бародаронашон [бародарони кофирон ва мушрикон, ки шаётин ҳастанд] ононро ба гумроҳӣ мекашонанд ва [ҳаргиз дар ин кор] кӯтоҳӣ намекунанд

7:203 Ва [эй Паёмбар] ҳангоме ки [нузули ваҳй ба таъхир меафтод ва] ту ояте бар эшон намеоварӣ, мегӯянд: «Чаро ту худ онро намесозӣ»? Бигӯ: «Ман фақат аз чизе пайравӣ мекунам, ки аз сӯйи Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ин [Қуръон шомили] равшангариҳое аз сӯйи Павардигоратон аст ва барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмат аст

7:204 Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад, пас, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, бошад, ки фарогири раҳмат шавед»

7:205 Ва Парвардигоратро дар дили хеш бо тазарруъ ва тарс, бидуни овози баландгуфтор [дар] бомдодон ва шомгоҳон ёд кун ва [аз ёди Аллоҳ таоло] ғофил мабош

7:206 [Эй Паёмбар] Касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд [фариштагон], яқинан, аз парастиши Вай [саркашӣ ва] такаббур намеварзанд ва Ӯро ба покӣ меситоянд ва барояш саҷда мекунанд