>

Маркази тарҷумаи Равод — 174

7:179 Ва бе тардид, бисёре аз ҷинниён ва одамиёнро барои дузах офаридаем, [чаро ки] дилҳое доранд, ки бо онҳо [ҳақоиқро] дарк намекунанд ва чашмоне доранд, ки бо онҳо [нишонаҳои тавону тадбири илоҳиро] намебинанд ва гӯшҳое доранд, ки бо онҳо [суханони ҳақро] намешунаванд. Онон ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки [аз онҳо ҳам] гумроҳтаранд. [Оре] Ононанд,ки [аз охират] ғофиланд

7:180 Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ таоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед ва касонеро, ки дар [мавриди] номҳояш ба инҳироф мераванд [ва онҳоро таъвилу таҳриф мекунанд] раҳо кунед. Онон ба [сазои] ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд

7:181 Ва аз [миёни] онон, ки офаридаем, гурӯҳе ҳастанд, ки [мардум] баҳақ ҳидоят менамоянд ва бар [асоси] он ба адолат рафтор мекунанд

7:182 Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, [дарҳои рӯзиро ба рӯяшон мекушоем, то бештар дар гуноҳ ғарқ шаванд ва ба ин сон] андак андак аз ҷойе, ки намедонанд [ба кайфари худ] гирифторашон хоҳем сохт

7:183 Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст

7:184 Оё наандешидаанд, ки ҳамнишини онон [расулуллоҳ] ҳеҷ ҷунуне надорад? Ӯ ҷуз бимдиҳандаи ошкор нест

7:185 Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва ончи Аллоҳ таоло офаридааст, наменигаранд ва инки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?

7:186 Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, [ҳеҷ] роҳнамое барояш нест ва ононро дар саркашии хеш саргардон раҳо мекунад

7:187 [Эй Паёмбар, кофирони Макка] дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, [ки] кай воқеъ мешавад? Бигӯ: «Бе тардид, дониши он назди Парвардигори ман аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ӯ [наметавонад] онро дар вақти муайянаш падидор созад.Ин амр [зуҳури қиёмат] бар аҳли осмонҳо ва замин душвор аст ва ҷуз ба таври ногаҳонӣ ба сӯятон намеояд». [Онон чунон] Аз ту мепурсанд, ки гӯё ту худ муштоқи [донистани замони] он ҳастӣ [ҳол он ки ту дар бораи замони вуқуаш ҳеҷ намепурсӣ]. Бигӯ: «Дониши он фақат назди Аллоҳ таоло аст, вале бештари мардум намедонанд»