>

Маркази тарҷумаи Равод — 173

7:171 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки кӯҳро [аз ҷой баркандем ва] ҳамчун соябоне бар фарозашон барафроштем ва пиндоштанд, ки бар онон фуруд меояд [ва дар ин ҳолат аз онон аҳд гирифтем ва гуфтем] «Он чиро, ки ба шумо додаем, бо неру [ва ҷиддият] бигиред ва ончиро, ки дар он аст, ба ёд дошта бошед [ва ба он амал намоед], бошад, ки парво кунед

7:172 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат аз пушти фарзандони Одам, наслашонро баргирифт ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт [ва фармуд]: «Оё ман Парвардигори шумо нестам»? Онон гуфтанд: «Оре, [бар ин ҳақиқат] гувоҳӣ медиҳем». [Аллоҳ таоло фармуд: «Аз шумо иқрор гирифтам] То мабодо рӯзи қиёмат бигӯед, ки: «Мо, ҳатман, аз ин [амр] бехабар будем»

7:173 Ё [мабодо] бигӯед, ки падаронамон пештар ширк оварда буданд ва мо низ фарзандоне пас аз онон будем. Оё моро ба [сазои] ончи [кофирону] ботиландешон анҷом додаанд, ҳалок мекунӣ»?

7:174 Ва инчунин оётро ба тафсил баён мекунем [то онҳоро бифаҳманд] ва бошад, ки [ба тавҳид] бозгарданд

7:175 Ва [эй паёмбар] саргузашти касеро бар онон ҳикоят кун, ки оёт [-у нишонаҳо]-и хешро ба ӯ додем ва [ӯ ҳаққонияташонро дарк кард, вале] аз онҳо ҷудо [ва орӣ] гашт.Пас, шайтон ба дунболаш афтод ва ӯ аз гумроҳон шуд

7:176 Ва агар мехостем, [мақому манзалати] ӯро ба хотири [пойбандӣ ва амал ба] он [оёт] боло мебурдем, вале ӯ ба дунё [ва пастӣ] гароид ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ кард. Пас, масали ӯ [дар дунёдӯстӣ] ҳамчун масали саг аст, ки агар ба он ҳамла кунӣ [ва аз худ дур кунӣ], забон аз даҳон берун меоварад ва агар онро [ба ҳоли худ] вогузорӣ, [боз ҳам] забон аз даҳон берун меоварад [чунин шахсеро низ чи панд бидиҳӣ ё надиҳӣ, тафовуте надорад]. Ин масали гурӯҳест, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, пас, ин достонро [бар эшон] ҳикоят кун, бошад, ки бияндешанд

7:177 Чи зишт аст достони гурӯҳе, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва ба хеш ситам карданд!

7:178 Касеро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва касеро, ки гумроҳ созад, пас, ононанд, ки зиёндидагонанд