Маркази тарҷумаи Равод — 172
7:164 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон [ба гурӯҳи дигар] гуфтанд: «Чаро қавмеро панд медиҳед, [ки саранҷом] Аллоҳ таоло ҳалокашон хоҳад кард ё ба азоби шадид гирифторашон хоҳад намуд»? [Носеҳон] Гуфтанд: «Ин [панду наҳй дар ҳукми] маъзарате ба даргоҳи Парвардигори шумост ва бошад, ки парво кунанд»
7:165 Пас, чун ончиро ба эшон панд дода буданд, ба фаромӯшӣ супурданд, касонеро, ки аз [кори] бад бозмедоштанд, наҷот додем ва касонеро, ки [бо нодида гирифтани ҳукми илоҳӣ ба худ] ситам карда буданд, ба сазои онки нофармонӣ мекарданд, ба азоби шадид гирифтор намудем
7:166 Ва чун дар баробари ончи аз он наҳй шуда буданд, [лаҷоҷату] сарпечӣ карданд, ба онон гуфтем: «Ба сурати бузинаҳое [хору] рондашуда дароед»
7:167 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат фармуд, ки яқинан, то рӯзи қиёмат, касеро бар онон хоҳад гумошт, ки ҳамвора бадтарин [ва сангинтарин] азобро ба сарашон биёварад. Бе гумон, Парвардигорат зудкайфар аст, [ва ҳамчунин] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст
7:168 Ва ононро дар замин ба сурати гурӯҳҳои мухталиф пароканда сохтем. [Бархе] Аз онон шоистаанд ва [бархе миёнарав ҳастанд ва гурӯҳе низ] ғайр аз инанд. Ва ононро ба некиҳо ва бадиҳо озмудем, бошад, ки [ба роҳи ҳақ] боз гарданд
7:169 Ва пас аз онон ҷонишинон [-и ношоиста]-е омаданд, ки китоб [Таврот]-ро ба ирс бурданд. Онон [сарвату] колои ин [дунёи] пастро мегиранд, [ки суханони Аллоҳ таолоро таҳрифу ба ноҳақ ҳукм кунанд] ва мегӯянд: «Бахшида хоҳем шуд». Ва агар коло [-и дигар]-е ҳаммонанди он барояшон биояд, онро [низ] мегиранд. Оё дар китоб [-и осмонӣ] аз онон паймон гирифта нашудааст, ки дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯянд? [Пас, нофармонияшон аз рӯйи нодонӣ нест, зеро борҳо Тавротро хондаанд] Ва ончиро, ки дар он аст, омӯхтаанд ва сарои охират барои касоне, ки парво кунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?
7:170 Ва касоне, ки ба китоби [Аллоҳ таоло] тамассук меҷӯянд ва намоз барпо медоранд, ба яқин [бидонанд, ки] Мо подоши накукоронро табоҳ намекунем