Маркази тарҷумаи Равод — 171
7:160 Ва ононро ба дувоздаҳ қабила [ки ҳар кадом] шохае аз наводагон [-и Яъқуб] буданд, тақсим кардем ва ба Мӯсо,он гоҳ ки қавмаш аз ӯ об хостанд, ваҳй кардем, ки: «Асоятро бар санг бизан», пас, дувоздаҳ чашмае аз он ҷӯшид [ва] ҳар гурӯҳе чашмаи худро шинохт ва абрро бар [сари] онон соягустар намудем ва бар эшон манну салво фурӯ фиристодем [ва гуфт] «Аз чизҳои покизае, ки рӯзиятон кардаем, бихӯред». Онон [бо нофармонӣ ва мухолифат, дар ҳақиқат] ба Мо ситам накарданд, балки ба хештан ситам менамуданд
7:161 Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки ба онон гуфта шуд: «Дар ин шаҳр [Байту-л-муқаддас] сокин шавед ва [аз неъматҳои] он, аз ҳар ҷо [ва ҳар вақт], ки хостед, бихӯред ва [барои узрхоҳӣ] бигӯед: «[Парвардигоро] Гуноҳонамонро фурӯ рез» ва бо фурӯтанӣ аз дарвоза[-и шаҳр] ворид шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем, [ва подоши дунё ва охирати] накукоронро хоҳем афзуд»
7:162 Аммо афроде аз онҳо, ки [нофармону] ситамгор буданд, суханро ба чизе ғайр аз ончи ки ба онон гуфта шуда буд, табдил карданд [ва баҷои истиғфор донаи ҷав хостанд]. Пас, ба [кайфари] онки ситам мекарданд, азобе аз осмон бар онон фурӯ фиристодем
7:163 Ва [эй паёмбар] аз онон дар бораи [сокинони] шаҳре, ки наздики дарё буд, бипурс, ҳангоме ки онон аз [ҳукми таҳрими сайд дар рӯзи] шанбе таҷовуз мекарданд, он гоҳ ки моҳиҳои эшон дар рӯзҳои шанбе [ки рӯзи таътилу ибодат буд] рӯйи об зоҳир мешуданд ва рӯзҳои ғайри шанбе бар эшон [ҳеҷ сайде рӯйи об] намеомад. Ононро ба [хотири] он ки нофармонӣ мекарданд, инчунин озмудем