Маркази тарҷумаи Равод — 170
7:156 Ва бароямон дар ин дунё ва дар сарои охират некӣ муқаррар фармо, [ки] бе тардид, мо ба сӯйи Ту бозгаштем». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Азобамро ба ҳар ки бихоҳам мерасонам ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст, пас, онро барои касоне муқаррар хоҳам дошт, ки парво пеша мекунанд ва закот медиҳанд ва [ҳамчунин] барои касоне, ки ба оёти мо имон меоваранд
7:157 Касоне, ки аз фиристода ва паёмбари дарснохонда [уммӣ] пайравӣ мекунанд, [ҳамон] ки ном [ва нишонаҳои] ӯро назди худ дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд, [ҳам ӯ] ки ононро ба некиҳо фармон медиҳад ва аз зиштиҳо [ва корҳои нописанд] бозашон медорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мегардонад ва палидиҳоро ба онон ҳаром мекунад ва бори гарони [таколифи шаръӣ]-ро, ки бар эшон будааст, аз [уҳдаи] онон бармедорад. Пас, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва гиромияш доштанд ва ёриаш карданд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шудааст, пайравӣ намуданд, ононанд, ки растагоранд»
7:158 Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам.Ҳамон [Парвардигоре], ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст, маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест; зинда мекунад ва мемиронад, пас, ба Аллоҳ таоло ва фиристодааш – он паёмбари дарснохондае, ки ба Аллоҳ таоло ва суханонаш бовар дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед»
7:159 Ва гурӯҳе аз қавми Мӯсо ҳастанд, ки [мардумро] ба [роҳи] ҳақ ҳидоят мекунанд ва бар асоси он [низ қазоват ва] адолат мекунанд