>

Маркази тарҷумаи Равод — 17

2:106 Ҳар оятеро насх кунем ё [аз дили мардум бизудоем ва] фаромӯшаш гардонем, беҳтар аз он ё ҳаммонандашро меоварем. [Эй паёмбар] Оё намедонӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност

2:107 Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсту ёваре надоред [ки корсозатон бошад]

2:108 [Эй муъминон] Оё мехоҳед аз паёмбари худ [мавориди номаъқуле ҳамчун дидори Аллоҳро] дархост кунед, ки пеш аз ин аз Мӯсо хоста шуд? Касе, ки куфрро ба [ҷойи] имон баргузинад, мусалламан роҳи ростро гум кардааст

2:109 Бисёре аз аҳли китоб пас аз ин, ки ҳақ барояшон ошкор гардид, ба хотири ҳасодате, ки дар вуҷудашон аст, орзу доранд, ки шуморо баъд аз имонатон ба ҳоли куфр бозгардонанд. Пас, шумо афв кунед ва [аз эшон] даргузаред, то Аллоҳ таоло фармони хешро [барои ҷиҳод бо онон] содир намояд. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

2:110 Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва [бидонед, ки] ҳар кори неке, ки барои худ пеш мефиристед, [подоши] онро назди Аллоҳ таоло хоҳед ёфт. Яқинан Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

2:111 [Аҳли китоб] Гуфтанд: "Ҷуз яҳудӣ ё масеҳӣ [ҳеҷ кас] ҳаргиз дохили биҳишт нахоҳад шуд. Ин орзуҳои [ботили] онҳост." [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, далели худро биёваред"

2:112 Оре, подоши касе, ки холисона таслими Аллоҳ таоло гардад ва накукор бошад, назди Парвардигораш маҳфуз аст ва [чунин касоне] на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд