>

Маркази тарҷумаи Равод — 169

7:150 Ва чун Мӯсо ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва ононро бар ширк ва гумроҳӣ ёфт], бо хашму андуҳ гуфт: «Пас аз ман чи бад ҷонишинӣ кардед! Оё аз ҳукми Парвардигоратон пешӣ гирифтед»? Ва [он гоҳ] алвоҳро андохт ва [ришу мӯйи] сари бародари худро гирифт ва ба сӯйи худ кашид. [Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ба ростӣ, ин қавм маро нотавон пиндоштанд [ва таҳқирам карданд] ва наздик буд маро бикушанд, пас, душманонро бо [сарзаниши] ман шодмон накун ва маро дар зумраи гурӯҳи ситамгор [-у нофармон] қарор надеҳ»

7:151 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман ва бародарамро биёмурз ва моро дар [паноҳи] раҳмати хеш даровар.Ва Ту меҳрубонтарин меҳрубонӣ»

7:152 Бе тардид, касоне, ки гӯсоларо [ба парастиш] гирифтанд, ба зудӣ хашме аз Парвардигорашон ва зиллате дар зиндагии дунё ба онон хоҳад расид ва мо дурӯғпардозонро инчунин кайфар медиҳем

7:153 Ва касоне, ки муртакиби корҳои ношоиста [куфру гуноҳ] шуданд, сипас баъд аз он тавба намуданд ва имон оварданд, бе гумон, Парвардигорат аз он пас омурзандаи меҳрубон аст

7:154 Ва чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, алвоҳ [-и Таврот]-ро баргирифт ва дар навиштаҳояш барои касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидояту раҳмати [бузург] буд

7:155 Ва Мӯсо аз қавмаш ҳафтод мардро барои ваъдагоҳи Мо [дар Тӯри Сино] баргузид [то ба хотири ширку гуноҳи қавмашон ба даргоҳи илоҳӣ тавба кунанд]. Пас, ҳангоме ки [ба далели нофармонӣ ва дархости руъяти Аллоҳ таоло] зилзила ононро фаро гирифт [ва ҳамагӣ мурданд, Мӯсо] гуфт: «Парвардигоро, агар мехостӣ, онон ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё моро ба хотири ончи бехирадонамон кардаанд, ҳалок мекунӣ? Ин [азоб чизе] нест, магар озмоиши Ту [аз имони мо], ба [василаи] он ҳаркиро бихоҳӣ, гумроҳ месозӣ ва ҳаркиро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту [дӯсту] корсози моӣ, пас, моро биёмурз ва бар мо раҳм овар ва Ту беҳтарин омурзандаӣ