Маркази тарҷумаи Равод — 168
7:144 [Аллоҳ таоло] фармуд: «Эй Мӯсо, [бидон ки] ман туро ба паёмҳо ва каломи [бевоситаи] хеш бар мардумон баргузидам, ончи ба ту мебахшам, бигир ва сипосгузор бош»
7:145 Ва дар алвоҳ [Таврот] барои ӯ дар ҳар мавриде панде [овардем] ва барои ҳар амре шарҳе нигоштем [ва ба Мӯсо фармудем]: «Онро бо ҷиддият бигир ва ба қавмат дастур бидеҳ, ки некутарини онҳоро фаро гиранд [ва ба он амал кунанд] ва ба зудӣ [ҷойгоҳу] сарои нофармононро ба шумо нишон хоҳам дод»
7:146 Ба зудӣ касонеро ки ба ноҳақ дар замин [бартариҷӯӣ ва] такаббур мекунанд, аз [фаҳми] оёти хеш бозхоҳам дошт, [чунон ки] агар ҳар нишонае [аз қудратам]-ро бингаранд, ба он имон наоваранд ва агар роҳи ҳақро бубинанд, онро дар пеш нагиранд ва агар роҳи гумроҳиро бубинанд онро баргузинанд. Ин [муҷозот] барои он аст, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва аз онҳо ғофил буданд
7:147 Ва касоне, ки оёти Мо ва дидори охиратро дурӯғ ангоштанд, корҳояшон табоҳ гаштааст. Оё ҷуз [дар баробари] ончи мекарданд, муҷозот мешаванд?
7:148 Ва қавми Мӯсо пас аз [рафтани] ӯ [ба кӯҳи Тур] аз зеварҳояшон муҷассамаи гӯсолаеро сохтанд [ва парастиданд], ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Оё намедиданд, ки [он пайкари беҷон] бо онон сухан намегӯяд ва ба роҳе ҳидояташон намекунад? Онро [ба парастиш] гирифтанд ва [ба хотири ин ширк нисбат ба хеш] ситамгор буданд
7:149 Ва чун [аз кардаи хеш] пушаймон шуданд ва диданд, ки ба ростӣ, гумроҳ шудаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наомурзад, мусалламан, зиёнкор хоҳем буд»