>

Маркази тарҷумаи Равод — 167

7:138 Ва Бани Исроилро аз дарё гузарондем, пас, [дар роҳ] ба қавме расиданд, ки барои [парастиши] бутҳояшон гирд омада буданд, [пас, онон низ] гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамонгуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде таъйин кун». [Мӯсо] Гуфт: «Бе тардид, шумо гурӯҳе ҳастед, ки нодонӣ мекунед [ва азамати Аллоҳ таолоро намедонед]

7:139 Яқинан, оини [мушриконаи] инҳо нобудшуданӣ аст ва ончи мекунанд, [низ] ботил аст»

7:140 [Сипас] Гуфт: «Оё ба ҷуз Аллоҳ таоло маъбуди [дигар] бароятон биҷӯям, дар ҳоле ки Ӯ шуморо бар ҷаҳониён [-и ҳамасратон] бартарӣ додааст»?

7:141 Ва [ба ёд оваред] замоне, ки шуморо аз [осеби] фиръавниён наҷот додем, [ки] бадтарин [ва хортарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва барои шумо дар ин [азобу наҷот] озмоиши бузург аз ҷониби Парвардигоратон буд

7:142 Ва бо Мӯсо сӣ шаб [барои муноҷот] ваъда ниҳодем ва онро бо даҳ шаб [-и дигар] комил кардем.Пас, ваъдаи Парвардигораш [бо ӯ] дар чиҳил шаб тамом шуд. Ва Мӯсо [ҳангоми рафтан ба кӯҳи Тур] ба бародараш Ҳорун гуфт: «Ҷойнишини ман дар миёни қавм бош ва [умурашонро] ислоҳ кун ва аз роҳи муфсидон пайравӣ накун»

7:143 Ва ҳангоме ки Мӯсо ба аҳдгоҳи Мо омад ва Парвардигораш [бевосита] бо ӯ сухан гуфт, [Мӯсо] арз кард: «Парвардиргоро, худро ба ман нишон бидеҳ, то ба Ту бингарам». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Дар дунё] ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид, вале ба ин кӯҳ бингар, агар дар ҷойи худ барқарор боқӣ монад, ту [низ] Моро хоҳӣ дид». Пас, чун Парвардигораш бар [он] кӯҳ таҷаллӣ кард, онро муталошӣ [ва пароканда] сохт ва Мӯсо мадҳуш афтод ва чун ба ҳуш омад, арз кард: «[Бор илоҳо] Ту поку муназзаҳӣ. Ба даргоҳат тавба кардам ва бе тардид, ман [миёни қавми худ] нахустин муъмин ҳастам»