>

Маркази тарҷумаи Равод — 166

7:131 Пас, ҳангоме ки некӣ [ва фаровонии неъмат] ба онон мерасид, мегуфтанд: «Ин ба хотири [шоистагии] худи мост». Ва агар бадӣ [ва хушксолӣ] ба эшон мерасид, ба Мӯсо ва касоне, ки ҳамроҳаш буданд, фоли бад мезаданд. Огоҳ бошед! Сарнавишти шуми онон танҳо назди Аллоҳ таоло [ва ба дасти Ӯ] аст, аммо бештарашон намедонанд

7:132 Ва [пайравони Фиръавн ба ӯ] гуфтанд: «Ҳар [муъҷиза ва] нишонае бароямон биёварӣ, то бо он ҷодуямон кунӣ, [ҳаргиз] ба ту имон намеоварем»

7:133 Пас, бар онон [балоҳое ҳамчун] тӯфон ва малах ва шапуш ва қурбоқаҳо ва [рӯди пур]-и хун фиристодем, [ки] нишонаҳои ҷудо [аз ҳам ва паёпайе] буданд.Пас, [боз ҳам] гарданкашӣ карданд ва гурӯҳи гунаҳкор буданд

7:134 Ва ҳангоме ки азоб бар онон воқеъ шуд, гуфтанд: «Эй Мӯсо, аз Парвардигорат барои мо бихоҳ, ки бино ба паймоне, ки бо ту дорад, [тавбаи моро бипазирад ва ин балоҳоеро қатъ кунад] Агар ин азобро аз мо бардорӣ, ҳатман, ба ту имон меоварем ва Бани Исроилро ҳамроҳат равона мекунем»

7:135 Пас, ҳангоме ки азобро то муддати муайяне, ки [пеш аз ҳалокат] фурсат доштанд аз онон дур кардем, боз ҳам паймоншиканӣ карданд

7:136 Пас аз онон интиқом гирифтем ва дар дарё ғарқашон сохтем, зеро оёт [-у муъҷизоти] Моро дурӯғ меангоштанд ва аз он ғофил буданд

7:137 Ва ба он гурӯҳе, ки ҳамвора мавриди ситам воқеъ мешуданд, [бахшҳои] шарқӣ ва ғарбии сарзамин [-и Шом]-ро, ки ба он баракат бахшида будем, ба мерос ато кардем ва ба подоши он ки шикебоӣ карданд, ваъдаи некуи Парвардигорат ба Бани Исроил [ёрии ситамдидагон] таҳаққуқ ёфт ва он чиро, ки Фиръавн ва қавмаш месохтанд ва бармеафроштанд, [яксара] вайрон кардем