Маркази тарҷумаи Равод — 165
7:121 Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
7:122 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»
7:123 Фиръавн гуфт: «Пеш аз онки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ин найрангест, ки дар шаҳр ба роҳ андохтаед, то сокинонашро аз он берун кунед. Пас, ба зудӣ [натиҷаи коратонро] хоҳед донист
7:124 Яқинан, дасту поятонро бархилофи якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамаи шуморо ба дор меовезам»
7:125 Онон гуфтанд: «Бе тардид, мо [пас аз марг] ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем
7:126 Ва [эй Фиръавн] ту ҷуз барои ин моро ба кайфар намерасонӣ, ки ба муъҷизоти Парвардигорамон он гоҳ ки ба мо расид, имон овардем. Парвардигоро, бар мо шикебоӣ [ва истиқомат] бибор ва моро дар ҳоле бимирон ки таслими [фармони ту] ҳастем»
7:127 Ва бузургони қавми Фиръавн [ба ӯ] гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро раҳо мекунӣ, то дар ин сарзамин фасод кунанд ва ту ва маъбудонатро вогузорад»? [Фиръавн] Гуфт: «[Ҳаргиз, балки] Писаронашонро хоҳем кушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда хоҳем гузошт ва мо бар онон чираем»
7:128 Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ таоло ёрӣ биҷӯед ва шикебоӣ [ва истиқомат] пеша кунед. Бе тардид, замин аз они Аллоҳ таоло аст [ва] онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба мерос медиҳад ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст»
7:129 [Бани Исроил] Гуфтанд: «Пеш аз он ки назди мо биёӣ ва [ҳатто] пас аз он ки назди мо омадӣ, [аз ситамҳои Фиръавн] озору азият дидаем» [Мӯсо] гуфт: «Умед аст, ки Парвардигори шумо душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар замин ҷонишин [-и онон] созад,он гоҳ бингарад, ки чигуна рафтор мекунед»
7:130 Ва бе тардид, Мо фиръавниёнро ба хушксолӣ ва камбуди маҳсулот дучор кардем, бошад, ки панд гиранд [ва тавба кунанд]