>

Маркази тарҷумаи Равод — 164

7:105 Сазовораст, ки дар мавриди Аллоҳ таоло ҷуз [ба ростӣ ва] ҳақ сухан нагӯем. Бе тардид, ман далел [ва муъҷизаи равшан] аз Парвардигоратон барои шумо овардаам.Пас,Бани Исроилро ҳамроҳи ман бифирист»

7:106 [Фиръавн] Гуфт: «Агар муъҷизае овардаӣ, [ва] агар рост мегӯӣ, онро биёвар»

7:107 Пас, [Мӯсо] асои худро андохт ва ногаҳон [асо табдил ба] аждаҳои ошкор шуд

7:108 Ва дасти худро [аз гиребон] берун овард ва ногаҳон барои тамошогарон сапед [-у дурахшон] менамуд

7:109 Ашроф [-у бузургони] қавми Фиръавн гуфтанд: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност»

7:110 Фиръавн] Гуфт: «Ӯ мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад пас назаратон чист»?

7:111 Онон гуфтанд: «Кори ӯ ва бародарашро ба таъхир биандоз ва маъмурони ҷамъовариро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист

7:112 То ҳамаи ҷодугарони доно [ва моҳир]–ро наздат оваранд

7:113 Ва [саранҷом] ҷодугарон назди Фиръавн омаданд, [ва] гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, [назди ту] подоше хоҳем дошт»?

7:114 [Фиръавн] Гуфт: «Оре, ҳатман, шумо аз муқаррабон [-и даргоҳам] хоҳед буд»

7:115 [Дар рӯзи мавъуд ҷодугарон мағрурона] Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту нахуст [асои худро] биафкан ё мо [абзори худро] меафканем»

7:116 [Мӯсо] Гуфт: «Шумо биафканед». Ҳангоме ки [абзори худро] афканданд, чашмони мардумро афсун карданд ва ононро сахт тарсонданд ва ҷодуи бузург [падид] оварданд

7:117 Ва [мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро биафкан». Пас, ногаҳон он [асо ба мори бузурге табдил шуд ва] ончиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, фурӯ балъид

7:118 Пас, ҳақиқат ошкор гардид ва он чи мекарданд, ботил шуд

7:119 Ва [Фиръавну фиръавниён ҳамагӣ дар] онҷо шикаст хӯрданд ва хор гардиданд

7:120 Ва ҷодугарон ба саҷда афтоданд