>

Маркази тарҷумаи Равод — 163

7:96 Ва агар аҳли он шаҳрҳо имон меоварданд ва парво мекарданд, [дарҳои] баракати осмон ва заминро бар онон мекушодем, вале [оёту паёмҳои Моро] дурӯғ ангоштаанд, пас, ба [кайфари] ончи мекарданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем

7:97 Оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз инки азоби Мо [ногаҳон] шабҳангом, ки хуфтаанд ба суроғашон биояд?

7:98 Ва оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз ин ки азоби Мо нимрӯзӣ, ки ба бозӣ [ва умури беҳуда] саргарманд, ба суроғашон биояд?

7:99 Оё худро аз макр [-у тадбир]-и Аллоҳ таоло эмин донистаанд? [Ҳол он ки] Ҷуз мардуми зиёнкор [касе] худро аз макри Аллоҳ таоло дар амон намедонад

7:100 Оё барои касоне, ки заминро пас аз сокинони [пешини] он ба ирс мебаранд, равшан нашудааст, ки агар мехостем, ононро ба [кайфари] гуноҳонашон нобуд мекардем ва ба дилҳояшон муҳр мениҳодем, то дигар [нидои ҳақро] нашнаванд?

7:101 [Эй паёмбар] Инҳо шаҳрҳоест, ки бархе аз хабарҳояшонро бар ту ҳикоят мекунем. Бе тардид, паёмбарони онҳо далоили равшан барои эшон оварданд, вале онон намехостанд ба чизе, ки пештар дурӯғ шумурда буданд, имон оваранд. Аллоҳ таоло бар дилҳои кофирон, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад

7:102 Ва дар бештарашон вафое ба аҳд наёфтем ва аксарашонро ҷиддан нофармон ёфтем

7:103 Сипас баъд аз онҳо Мӯсоро бо оёти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онҳо ба он [оёт] куфр варзиданд.Пас, бингар, ки саранҷоми табаҳкорон чигуна будааст

7:104 Ва Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман фиристодае аз [сӯйи] Парвардигори ҷаҳониёнам