Маркази тарҷумаи Равод — 161
7:82 Ва [-ле] посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ононро аз шаҳратон берун кунед, [чароки] бе тардид, инҳо афроди покдоман [-у муқаддасмаоб] ҳастанд»
7:83 Пас, Мо ӯ ва хонадонашро наҷот додем, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] буд
7:84 Ва бороне [аз санг] бар онон боридем. Пас, бингар, ки саранҷоми гунаҳкорон чи гуна буд
7:85 Ва ба сӯйи [мардуми] Мадян бародараш Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуд [-и барҳақ] надоред. Яқинан, аз [сӯйи] Парвардигоратон барои шумо далели равшан омадааст, пас, [ҳаққи] паймона ва тарозуро комил [-у дуруст] адо кунед ва ба мардум аҷносашонро кам надиҳед ва дар замин пас аз ислоҳаш фасод накунед. Агар имон доред, ин барои шумо беҳтар аст
7:86 Ва бар сари ҳар роҳе нанишинед, ки [бо зӯргирӣ ва дуздӣ мардумро] битарсонед ва ҳаркиро имон дорад, аз роҳи Аллоҳ таоло боздоред ва роҳашро мунҳариф бихоҳед [ки ба ҳидоят даст наёбад]. Ва ба ёд оваред, ҳангомеро ки андак будед, сипас Аллоҳ таоло [теъдоди] шуморо фузунӣ бахшид ва бингаред, ки саранҷоми муфсидон [-и табаҳкор] чи гуна буд
7:87 Агар гурӯҳе аз шумо ба ончи ба он фиристода шудаам, имон оварданд ва гурӯҳи дигар имон наоварданд, пас, сабр кунед, то Аллоҳ таоло миёни мо доварӣ кунад ва Ӯ беҳтарин довар аст»