>

Маркази тарҷумаи Равод — 160

7:74 Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки [Аллоҳ таоло] шуморо аз [қавми] Од ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва дар замин мустақар сохт, ки дар даштҳояш қасрҳое бино мекунед ва дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед. Пас, неъматҳои Аллоҳ таолоро ба ёд оваред ва дар замин ба фасод [-у табоҳӣ] накушед»

7:75 Ашроф [-у бузургон]-и қавми ӯ, ки гарданкашӣ мекарданд, ба заифону бечорагон, ба [ҳамон] касоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё [ба яқин] медонед, ки Солеҳ аз [тарафи] Парвардигораш фиристода шудааст»? [Онон] Гуфтанд: «Мо ба он чи ӯ ба он фиристода шудааст, имон дорем»

7:76 Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, гуфтанд: «Мо ба ончи шумо ба он имон овардаед, бовар надорем»

7:77 Пас, модашутурро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар печиданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар аз паёмбарон [-илоҳӣ] ҳастӣ, ончи аз азоб, ки ба мо ваъда медиҳӣ, [бар сарамон] биёвар»

7:78 Саранҷом заминларза ононро фаро гирифт, пас, дар хонаҳои худ ба рӯ афтоданд [ва ҳалок шуданд]

7:79 Пас, [Солеҳ] аз онон рӯ гардониду гуфт: «Эй қавми ман, ман паёми Парвардигорамро ба шумо расонидам ва бароятон хайрхоҳӣ кардам, вале шумо [хайрхоҳону] насиҳатгаронро дӯст намедоред»

7:80 Ва Лутро [ба паёмбарӣ фиристодем], ки ба қавми худ гуфт: «Оё кори бисёр зиштеро анҷом медиҳед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз ҷаҳониён анҷом надодааст?

7:81 Шумо аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон меомезед. Оре, шумо [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтаед ва] гурӯҳи таҷовузкоред»