Маркази тарҷумаи Равод — 16
2:102 Ва аз он чи шаётин дар [аҳди] фармонравоии Сулаймон [бар мардум] мехонданд, пайравӣ карданд [ва муддаӣ шуданд, ки Сулаймон подшоҳии хешро бо сеҳр устувор кардааст] ва [ҳол он ки] Сулаймон [ҳаргиз даст ба сеҳр наолуд] ва кофир нашуд, вале шаётин [ки] куфр варзиданд ба мардум сеҳр меомӯхтанд ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд, [пайравӣ карданд, вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло наметавонистанд ба василаи он (сеҳр) ба касе зиёне бирасонанд ва чизе меомӯхтанд, ки [фақат] ба онон зиён мерасонад ва суде намедод ва ҳатман медонистанд, ки ҳар кас [муштоқу] харидори он [ҷодуҳо] бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!
2:103 Ва агар онҳо имон меоварданд ва парҳезгорӣ мекарданд, агар огаҳӣ доштанд [дармеёфтанд, ки] подоше, ки назди Аллоҳ таоло ҳаст, барояшон беҳтар буд
2:104 Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳангоме ки аз паёмбар барои дарки оёти Қуръон дархости муҳлат мекунед] нагӯед: "Роъино" [Зеро таъбири мазкур илова бар маънои аслӣ мафҳуми тавҳиномезе ҳамгуни "нодонӣ"-ро ба зеҳн мерасонад], балки бигӯед: "Унзурно" [каме ба мо фурсат бидеҳ] ва [он гоҳ ба оёти Қуръон] гӯш кунед ва [яқин бидонед, ки] кофирон [ва тамасхуркунандагони паёмбар] азоби дарднок [дар пеш] доранд
2:105 Кофирон – аз аҳли китоб ва мушрикон – дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигоратон хайру баракате бар шумо нозил гардад, дар ҳоле ки Аллоҳ таоло раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳад, ихтисос медиҳад ва Аллоҳ таоло дорои фазли бузург аст