Маркази тарҷумаи Равод — 159
7:68 Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман бароятон хайрхоҳи амин ҳастам
7:69 Оё тааҷҷуб кардаед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон тавассути марде аз худи шумо бароятон омада бошад, то шуморо [аз азоби қиёмат] бим диҳад? Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки пас аз қавми Нуҳ шуморо ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва ба шумо дар офариниш фузунӣ [ва қудрат] дод. Пас, неъматҳои Аллоҳ таолоро ба ёд оваред, бошад, ки растагор шавед»
7:70 [Кофирон] Гуфтанд: «Оё сӯйи мо омадаӣ, ки фақат Аллоҳ таолоро бипарастем ва он чиро падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Пас, агар аз ростгӯёнӣ, он чи [аз азоби илоҳӣ, ки] ба мо ваъда медиҳӣ биёвар»
7:71 [Ҳуд] гуфт: «Бе тардид, азоб ва хашми [сахт] аз [сӯйи] Парвардигоратон бар шумо воқеъ шуда [ва шуморо фарогирифта] аст. Оё дар бораи исмҳое, ки худи шумо ва падаронатон онҳоро [маъбуд] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст, бо ман муҷодала мекунед? Пас, мунтазир бошед, [ки] бе гумон, ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
7:72 Пас, ӯ ва касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ба раҳмат [ва лутфе] аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва решаи касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва аз муъминон набуданд, барандохтем
7:73 Ва ба [сӯйи қавми] Самуд бародарашон Солеҳ ро [фиристодем] Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуд [-и барҳақ] надоред. Бе тардид, далели равшане аз [сӯйи] Парвардигоратон барои шумо омадааст. Ин модашутури Аллоҳ таоло [ки аз дили сахраҳо берун омадааст] бароятон муъҷизаест, пас, ӯро [ба ҳоли худ] вогузоред, то дар замини Аллоҳ таоло [бичарад ва алаф] бихӯрад ва ба ӯ озор [-у осебе] нарасонед, ки шуморо азоби дардноке фаро хоҳад гирифт