>

Маркази тарҷумаи Равод — 158

7:58 Сарзамини покиза [ва омода] гиёҳаш ба фармони Парвардигораш [фаровону пурбор] мерӯяд ва аз он [шӯразоре], ки нопок аст, ҷуз [гиёҳи] андаку беарзиш намерӯяд. Ин гуна оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки сипос мегузоранд, гуногун баён мекунем

7:59 Бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. [Агар Ӯро ибодат накунед] Ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург метарсам»

7:60 Ашроф [-у бузургон]-и қавмаш гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо туро дар гумроҳии ошкор мебинем»

7:61 Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, ҳеҷ гуна гумроҳӣ [ва инҳирофе] дар ман нест, балки ман фиристодае аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониёнам

7:62 Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва бароятон хайрхоҳӣ мекунам ва аз [шариати] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед

7:63 Оё тааҷҷуб кардаед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон тавассути марде аз худи шумо бароятон омада бошад, то шуморо [аз азоби қиёмат] бим диҳад, ки парво пеша кунед ва бошад, ки фарогирифтаи раҳмат гардед»?

7:64 Пас, вайро дурӯғгӯ пиндоштанд,он гоҳ Мо ӯ ва касоне, ки ҳамроҳаш дар киштӣ буданд, наҷот додем ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ғарқ кардем. Ба ростӣ, ки онон [дар қабули ҳақ] гурӯҳи нобино буданд.

7:65 Ва ба [сӯйи қавми] Од бародарашон Ҳудро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳ таолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуди [барҳақ] надоред. Оё парво намекунед»?

7:66 Ашроф [-у бузургон]-и қавми ӯ ки кофир буданд, гуфтанд: «Бе гумон, мо туро дар нодонӣ мебинем ва мо, ҳатман, туро аз дурӯғгӯён мепиндорем»

7:67 Гуфт: «Эй қавми ман, ҳеҷгуна нодоние дар ман нест, балки ман фиристодае аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён ҳастам