>

Маркази тарҷумаи Равод — 157

7:52 Ба ростӣ, мо барояшон китобе овардем, ки онро бар [асоси] илм [-и бекарони илоҳӣ] ба тафсил баён кардаем ва [нозил кардем, то] барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, ҳидояту раҳмате бошад

7:53 Оё онон [кофирон] ҷуз таъвили оёт [ва фаро расидани қиёмат] интизори [дигаре] доранд? Рӯзе, ки таъвилаш [қиёмат] фаро расад, касоне, ки онро пештар фаромӯш карда буданд, мегӯянд: «Яқинан, фиристодагони Парвардигорамон ба ҳақ омада буданд.Пас, оё [имрӯз] шафоатгароне дорем, ки шафоатамон кунанд ё [метавонем ба дунё] бозгардем, то корҳое ғайр аз ончи мекардем, анҷом диҳем»? Бе тардид, [онон] ба худ зиён заданд ва ончиро ба дурӯғ [маъбуди худ] месохтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд

7:54 [Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-иинсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ таолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст

7:55 [Эй муъминон] Парвардигоратонро ба зорӣ ва пинҳонӣ бихонед, ки Ӯ таҷовузкунандагон [-и ҳудуди илоҳӣ]-ро дӯст намедорад

7:56 Ва дар замин, пас аз он ки [бо биъсати паёмбарон ва диндории муъминон] ислоҳ гаштааст, фитна ва фасод накунед ва Ӯ [Аллоҳ таоло]-ро бо биму умед бихонед, [ки] бе тардид, раҳмати Аллоҳ таоло ба накукорон наздик аст

7:57 Ӯст, ки пешопеши [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш мефиристад, то абрҳои сангинборро [бар дӯш] кашанд [ва] онро ба сӯйи замини [хушку] мурда мефиристем,он гоҳ бар он [сарзамин] об фурӯ меборем ва [аз баракати] он [об] ҳар гуна мевае бармеоварем. Ба ин сон, мурдагонро [низ аз қабр] хориҷ месозем, бошад, ки панд гиред