Маркази тарҷумаи Равод — 156
7:44 Биҳиштиён дузахиёнро нидо медиҳанд, ки: «Мо он чиро, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, дуруст ёфтем. Оё шумо [низ] он чиро, ки Парвардигоратон ваъда карда буд, дуруст ёфтед?» Онон мегӯянд: «Оре». Пас, нидодиҳандае миёнашон нидо медиҳад, ки: «Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорон [кофирон] бод»!
7:45 [Ҳамон] Касоне, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоштанд ва онро [бо илқои шубаҳот] мунҳариф мехостанд ва охиратро бовар надоштанд»
7:46 Дар миёни он ду [гурӯҳ: биҳиштӣ ва дузахӣ] монеъе аст ва бар аъроф [баландиҳои он монеъ] мардоне ҳастанд, ки ҳар як [аз он ду гурӯҳ]-ро аз [нишонаҳои] чеҳраашон мешиносанд ва [аз баландии аъроф] аҳли биҳиштро нидо медиҳанд, ки: «Салом бар шумо бод». Инон умеди биҳишт доранд ва ҳанӯз ба он ворид нашудаанд
7:47 Ва чун чашмонашон мутаваҷҷеҳи аҳли дузах мешавад, мегӯянд: «Парвардигоро, моро бо гурӯҳи ситамгорон [дар якҷо] қарор мадеҳ»
7:48 Аҳли аъроф мардоне [аз дузахиёнро], ки ононро аз чеҳраҳояшон мешиносанд, садо мезананд [ва] мегӯянд: «Ҷамъият [-у моландузӣ]-и шумо ва он [ҳама] гарданкашӣ [ва такаббур]-е, ки мекардед, ба ҳолатон суде надошт»
7:49 Оё инҳо [биҳиштиён] ҳамон касоне ҳастанд, ки савганд ёд мекардед, ки Аллоҳ таоло [ҳаргиз] раҳмате ба онон намерасонад? [Сипас Аллоҳ таоло мефармояд: эй муъминон] Ба биҳишт ворид шавед [ки дар онҷо], на тарсе хоҳед дошт ва на андуҳгин мешавед
7:50 Аҳли дузах биҳиштиёнро нидо медиҳанд, ки: «Аз он об ё ончи Аллоҳ таоло рӯзиятон додааст, андаке моро баҳраманд созед» [Онон дар посух] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло ҳардуро бар кофирон ҳаром кардааст»
7:51 [Ҳамон] Касоне, ки дини худро ба саргармӣ ва бозӣ гирифтанд ва зиндагии дунё фиребашон дод. Пас, чунон ки онон дидори имрӯзашонро аз ёд бурданд ва оёти Моро инкор карданд, Мо [низ] имрӯз ононро аз ёд мебарем [ва дар азоб раҳо мекунем]