Маркази тарҷумаи Равод — 155
7:38 [Фариштагон] Ба онҳо мегӯянд: «Дар байни гурӯҳҳое аз ҷин ва инс, ки пеш аз шумо [кофиру гумроҳ] буданд, дар оташ [-и дузах] ворид шавед». Ҳар гоҳ гурӯҳе ворид мешаванд, гурӯҳи дигарро лаънат мекунанд, то ҳангоме ки [саранҷом] ҳамагӣ дар онҷо ба ҳам мерасанд. Пайравони [фиребхӯрдаи] онҳо дар бораи раҳбаронашон мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд, ки моро гумроҳ карданд. Пас, азоби дучанд аз оташ ба онон бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Барои ҳар кадом [аз шумо азоби] дучанд аст, вале намедонед»
7:39 Раҳбарони онҳо ба пайравонашон мегӯянд: «Шумо бар мо ҳеҷ имтиёзе надоред, пас, ба [кайфари] ончи мекардед, азобро бичашед»
7:40 Касоне, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд ва дар баробари онҳо [гарданкашӣ ва] такаббур намуданд, дарҳои осмон ҳаргиз барояшон кушода намешавад ва ба биҳишт ворид нахоҳанд шуд, магар онки шутур аз сӯрохи сӯзан ворид шавад.Ва гунаҳгоронро инчунин кайфар медиҳем
7:41 Бар эшон бистаре аз [оташи] дузах [муҳайёст] ва [рӯйандозашон низ] пӯшишҳое [аз оташ] аст ва ситамгоронро инчунин кайфар медиҳем
7:42 Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд [ҳар андоза амали нек кардаанд, мепазирем, чаро ки] ва ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем. Инон биҳиштиянд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд
7:43 Ва ҳар кинаеро аз синаҳояшон мезудоем.Аз зери [қасрҳои] онон ҷуйборҳо ҷорӣ аст ва мегӯянд: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро [тавфиқи ибодат дод ва] ба ин [биҳишт] ҳидоят намуд.Ва агар Аллоҳ таоло ҳидоятамон намекард, ҳаргиз роҳ намеёфтем. Бе тардид, фиристодагони Парвардигорамон, ба ростӣ ва дурустӣ омаданд». [Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст»