>

Маркази тарҷумаи Равод — 154

7:31 Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло исрофкунандагонро дӯст намедорад

7:32 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Либос [-у зинатҳо]е-ро ки Аллоҳ таоло барои бандагонаш падид оварда ва [ҳамчунин] рӯзиҳои покизаро чи касе ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд, [ва агар чи кофирон низ аз онҳо баҳраманданд] рӯзи қиёмат махсус [-и муъминон] хоҳад буд. Мо инчунин оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем

7:33 Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ таоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед

7:34 Ҳар уммате аҷале дорад.Пас, ҳангоме ки аҷалашон ба сар ояд, на лаҳзае [аз он] таъхир мекунанд ва на [бар он] пешӣ мегиранд

7:35 Эй фарзандони Одам, агар паёмбароне аз худи шумо [наздатон] биоянд, ки оёти Маро бароятон бихонанд, [аз он пайравӣ кунед] пас, онон, ки парҳезгорӣ намоянд ва [рафторҳои гузаштаро] ислоҳ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд

7:36 Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоранд ва дар баробараш [гарданкашӣ ва] такаббур меварзанд, аҳли дузаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд

7:37 Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё оёташро дурӯғ мепиндорад? Онон касоне ҳастанд, ки насибашон аз ончи [дар Лавҳи маҳфуз] муқаррар шудааст, ба эшон хоҳад расид, то он гоҳ ки фиристодагони Мо ба суроғашон меоянд, ки ҷонашонро бигиранд, [ба онон] мегӯянд: «Онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед, куҷо ҳастанд»? [Онон] Мегӯянд: «Аз [назди] мо гум шуданд».Ва [ин гуна] алайҳи худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир будаанд