Маркази тарҷумаи Равод — 153
7:23 [Он ду] Гуфтанд: «Парвардигоро, мо [ бо сарпечӣ аз дастурат] ба хештан ситам кардаем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳатман, аз зиёнкорон хоҳем буд»
7:24 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Аз биҳишт бар замин] фуруд оед, [дар ҳоле ки азин пас] бархе аз шумо душмани бархе дигаред ва дар замин бароятон то муддат [-и муайян]-е қароргоҳ ва баҳрамандӣ хоҳад буд»
7:25 [Ва] Фармуд: «Дар он зиндагӣ мекунед ва дар ҳамон[ҷо] мемиред ва [рӯзи қиёмат низ] аз он берун оварда мешавед»
7:26 Эй фарзандони Одам, ҳамоно бароятон либосе фурӯ фиристодем, ки шармгоҳҳотонро мепӯшонад ва [мояи] зинати шумост ва [барои муъмин] либоси парҳезгорӣ беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таолост, бошад, ки [инсонҳо] панд гиранд
7:27 Эй фарзандони Одам, [огоҳ бошед, ки] шайтон шуморо нафиребад, чунончи падару модаратонро аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон [берун] кашид, то шармгоҳашонро ба онон нишон диҳад. Бе тардид, ӯ ва гурӯҳаш аз ҷойе, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ба ростӣ, ки Мо шаётинро дӯстони касоне қарор додаем, ки имон намеоваранд
7:28 Ва чун [мушрикон] кори зиште анҷом медиҳанд, мегӯянд: «Мо ниёгони худро бар ин [кор] ёфтаем ва Аллоҳ таоло моро ба [анҷоми] он фармон додаст». Бигӯ: «Аллоҳ таоло ҳаргиз ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Оё суханеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?»
7:29 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Парвардигорам ба адолат фармон додааст ва [инки ҳама ҷо, ба вижа] дар ҳар масҷиде [холисона] рӯйи хешро ба сӯйи [қиблаи] Ӯ кунед ва Ӯро дар ҳоли [ба дуо ва ниёиш] бихонед ки дин [-и худ]-ро барояш холис намудаед. [Ва бидонед] Ҳамон гуна ки шуморо дар оғоз падид овард, [пас аз марг низ бори дигар ба сӯяш] бозмегардед
7:30 [Аллоҳ таоло] Гурӯҳеро ҳидоят кард ва бар гурӯҳ [-и дигар]-е гумроҳӣ муқаррар гаштааст; зеро онон ба ҷойи Аллоҳ таоло шаётинро [ба унвони] дӯстон [-и хеш] баргузиданд ва гумон мекарданд, ки ҳидоят ёфтаанд»