Маркази тарҷумаи Равод — 152
7:12 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Вақте ки туро [ба саҷда] фармон додам, чи чиз монеат шуд, ки саҷда кунӣ»? [Иблис] Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам: маро аз оташ офаридӣ ва [-ле] ӯро аз гил падид овардӣ»
7:13 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз ин [биҳишти барин] фуруд о, [зеро] ҳаққи ту нест, ки дар он [макон гарданкашӣ ва] такаббур кунӣ. Пас, берун рав, [ки] бе тардид, ту аз хоршудагонӣ»
7:14 [Иблис] Гуфт: «То рӯзе, ки [инсонҳо] барангехта шаванд, маро муҳлат бидеҳ [то фиребашон диҳам]
7:15 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳатман, ту аз муҳлатёфтагонӣ»
7:16 [Иблис] гуфт: «Пас, ба хотири он ки маро ба гумроҳӣ [ва ҳалокат] афкандӣ, ман низ бар сари роҳи мустақими Ту барои [фиреби] онон менишинам
7:17 Сипас бар онон, аз рӯбарӯ ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапашон, дармеоям ва [чунон мекунам] бештарашро шукургузор [-и неъматҳои худ] намеёбӣ»
7:18 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз онҷо [биҳишт] накуҳида ва рондашуда берун рав. Ҳар касе аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, [дар сипоҳи туст ва рӯзи қиёмат] ҳатман, дузахро аз ҳамаи шумо пур хоҳам кард
7:19 Ва, эй Одам, ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз [хӯрданиҳои он аз] ҳар ҷойе ки хостед бихуред, ва [-ле] ба ин дарахт наздик нашавед ки аз ситамгорони [нофармон] хоҳед буд»
7:20 Пас, шайтон он дуро васваса кард, то он чи аз шармгоҳашон ба онон пӯшида монда буд, бар эшон ошкор созад [пас, ҳилае андешид] ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз [хӯрдани меваи] ин дарахт манъ накард, магар [барои] он ки [мабодо табдил ба] ду фаришта гардед ё аз ҷовидонон шавед»
7:21 Ва барои он ду савганд хӯрд, ки: «Ман, ҳатман, хайрхоҳатон ҳастам»
7:22 Пас, онҳоро бо фиреб [аз мақому манзилашон] фуруд овард ва чун аз [меваи] он дарахт бичашиданд, шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар [шармгоҳи] худ.Ва Парвардигорашон [инчунин] ба онҳо нидо дод: «Оё шуморо аз [хӯрдани меваи] он дарахт манъ накардам ва ба шумо нагуфтам, ки бе тардид, шайтон душмани ошкори шумост»?!