>

Маркази тарҷумаи Равод — 151

7:1 Алиф, лом, мим, сод.[1]

7:2 [Эй Паёмбар, ин Қуръон] Китобест, ки бар ту нозил шудааст, пас, набояд дар синаат нисбат ба он тардиде бошад, [нозил шуда] то бо он [мардумро] бим диҳӣ ва барои муъминон панд [ва тазаккуре] бошад

7:3 [Эй мардум] Он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва аз [дӯстону] корсозони дигар ба ҷуз Ӯ пайравӣ накунед, чи андак панд мепазиред!

7:4 Чи бисёр [сокинони рустоҳо] ва шаҳрҳо, ки нобудашон кардем ва азоби Мо шабҳангом ё дар ҳоле ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба суроғашон омад

7:5 Ва чун азоби Мо ба суроғашон омад, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо [кофиру] ситамгор будем»

7:6 Мусалламан, Мо аз касоне, ки [паёмбаронамон] ба сӯяшон фиристода шуданд, [дар бораи пазириши паёми ҳақ] суол хоҳем кард ва ҳатман, аз паёмбарон [низ дарбораи посухи умматҳояшон ба даъвати онон] хоҳем пурсид

7:7 Яқинан, [кирдори бандагонро] бо илм [-и худ] барояшон баён мекунем ва мо ҳаргиз ғоиб [ва ғофил аз аҳволи онон] набудаем

7:8 Дар он рӯз, вазн [-у меъёри санҷиши аъмол, адолат] ҳақ аст. Пас,онҳое, ки вазни аъмолашон сангин бошад, ононанд, ки растагоранд

7:9 Ва онҳое, ки вазни аъмолаш сабук бошад, онон касоне ҳастанд, ки ба хеш зиён расонидаанд, чаро ки [бо инкори Қуръон] ба оёти Мо ситам мекарданд

7:10 Ва [эй мардум] ба ростӣ, ки Мо шуморо дар замин ҷой додем ва дар онҷо бароятон васоил [-у имконот]-и зиндагӣ ниҳодем. Чи андак шукр мегузоред!

7:11 Ва бе тардид, Мо [насли] шуморо [дар замин] падид овардем, сипас шуморо [ба беҳтарин ҳолат] шакл додем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Барои [бузургдошту эҳтиром, бар] Одам саҷда кунед», пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд