Маркази тарҷумаи Равод — 150
6:158 Оё [кофирон] интизори ҷуз ин доранд, ки фариштагон [-и марг] наздашон биёянд ё Парвардигорат [худ барои доварӣ] биояд ё бархе аз нишонаҳои Парвардигорат [дар мавриди қиёмат] фаро расад? Рӯзе, ки бархе аз нишонаҳои Парвардигорат ошкор гардад, имон овардани касе, ки пештар имон наёварда ё бо имонаш хайре ҳосил накарда аст, суде ба ҳолаш надорад. [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Мунтазир бошед. Бе гумон мо [низ] мунтазирем»
6:159 [Эй Паёмбар] касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва фирқа-фирқа шуданд, бе тардид туро бо онон коре нест; онон корашон фақат бо Аллоҳ таолост.Онгоҳ [Аллоҳ таоло дар рӯзи қиёмат] аз он чи мекарданд, огоҳашон месозад
6:160 [Дар он рӯз] Ҳар [муъмине] ки кори неке биоварад, даҳ баробараш [подош] хоҳад дошт ва ҳар ки кори баде биоварад, ҷуз монандаш кайфар нахоҳад дид ва ба онон ситам нахоҳад шуд
6:161 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст: дини пойдор [ва] оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд»
6:162 Бигӯ: «Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст
6:163 [Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад ва ба ин [яктопарастӣ холисона] дастур ёфтаам ва ман нахустин мусулмон аз ин қавм ҳастам»
6:164 Бигӯ: «Оё ба ҷуз Аллоҳи мутаол парвардигореро биҷӯем ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст? Ва ҳеҷ касе [кори ношоистае] анҷом намедиҳад, магар он ки [бори гуноҳаш] бар худи ӯст ва ҳеҷ гунаҳгоре бори [гуноҳи] дигареро ба дӯш намекашад. Сипас бозгашти [ҳамаи] шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ [дар рӯзи қиёмат, аз ҳақиқати] он чи дар он ихтилоф доштед, огоҳатон месозад
6:165 Ва Ӯст, ки шуморо ҷойнишини [пешиниён дар] замин қарор дод ва дараҷоти бархе аз шуморо [дар офариниш ва сарват] бар бархи дигар бартарӣ дод, то [ба василаи] он чи ба шумо додааст, озмоишатон кунад. Бе тардид, Парвардигорат зудкайфар аст ва яқинан Ӯ бисёр омурзанда [ва] меҳрубон аст