Маркази тарҷумаи Равод — 15
2:94 Бигӯ: "[Эй қавми яҳуд] Агар назди Аллоҳ таоло сарои охират вижаи шумост на барои дигар мардум, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед [то ҳар чи зудтар ба ин ҷойгоҳ даст ёбед]"
2:95 Вале онон ба хотири он чи [аз куфру такзиб ва таҳриф] пеш фиристодаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] ситамгорон доност
2:96 [Эй паёмбар] Ҳатман, эшон [яҳудиён]-ро ҳаристарини мардум бар зиндагӣ хоҳӣ ёфт, [ҳатто] ҳаристар аз мушрикон. Ҳар як аз онон дӯст дорад, ки ҳазор сол умр бинад, дар ҳоле ки [ҳатто] агар ин умр [-и дароз] ба ӯ дода шавад, [боз ҳам тӯли умраш] ӯро аз азоб дур намекунад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност
2:97 Бигӯ: "Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, [дар ҳақиқат душмани Аллоҳ таоло аст, зеро] ӯ ба фармони Аллоҳ таоло Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст, ки китобҳои осмонии пеш аз худро тасдиқ мекунад ва барои муъминон ҳидояту башорат аст"
2:98 Ҳар ки душмани Аллоҳ таоло ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва Ҷабраилу Микоил бошад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло душмани кофирон аст
2:99 [Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо нишонаҳои равшане бар ту нозил кардем ва ҷуз мунҳарифон [аз дин] касе ба онҳо куфр намеварзад
2:100 Оё чунин нест, ки ҳар гоҳ онон паймоне [бо Аллоҳ таоло ва Расул] бастанд, гурӯҳе аз эшон онро дур афканданд [ва паймон шикастанд]?! Оре бештарашон имон намеоваранд
2:101 Ва ҳангоме ки фиристодае аз сӯйи Аллоҳ таоло ба суроғашон омад, ки бо нишонаҳое, ки [дар Таврот] назди онон буд мутобиқат дошт, гурӯҳе аз эшон, ки ба онҳо китоби [Таврот] дода шуда буд, китоби Аллоҳро пушти сар афканданд, гӯё [аз он нишонаҳо] ҳеҷ намедонанд