>

Маркази тарҷумаи Равод — 148

6:147 Пас, [эй Паёмбар] агар туро такзиб карданд, бигӯ: «Парвардигоратон раҳмати густурда дорад, ва [-ле] азобаш аз гурӯҳи гунаҳкорон бозгардонда нахоҳад шуд»

6:148 Касоне, ки ширк варзиданд, хоҳанд гуфт: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ширк меовардем ва на падаронамон ва [ҳамчунин] чизеро [худсарона] таҳрим намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамин гуна [паёмбарони худро] такзиб карданд, то азоби моро чашанд. [Эй Паёмбар, ба ин мушрикон] Бигӯ: «Оё [донишу] далеле наздатон ҳаст, ки барои Мо ошкор кунед? [Дар ҳақиқат] шумо ҷуз пиндор [аз чизе] пайравӣ намекунед ва ҷуз дурӯғ намегӯед»

6:149 Бигӯ: «Далели расо ва равшан аз они Аллоҳ таолост ва агар мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард»

6:150 Бигӯ: «Гувоҳони худро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Аллоҳ таоло инҳоро ҳаром кардааст, биёваред». Пас, [ҳатто] агар гувоҳӣ доданд, ту бо онон [ба чунин дурӯғе] гувоҳӣ мадеҳ ва аз ҳавасҳои касоне, ки оёти Моро дурӯғ шумурданд ва касоне, ки ба охират имон намеоваранд ва [маъбудони ботилро] бо Парвардигорашон ҳамто қарор медиҳанд, пайравӣ накун

6:151 Бигӯ: «Биёед он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: Ин ки чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандони худро аз [тарси] тангдастӣ накушед. Мо ба шумо ва онон рӯзӣ медиҳем ва ба корҳои зишт, чи ошкор ва чи ниҳон, наздик нашавед ва касеро, ки Аллоҳ таоло [қатлашро] ҳаром кардааст ҷуз ба ҳақ накушед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки биандешед