>

Маркази тарҷумаи Равод — 147

6:143 Ҳашт [раъси] нару мода [барои истифодаи шумо офарид] аз меш як ҷуфт ва аз буз як ҷуфт, [эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё [Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё модаҳоро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Агар рост мегӯед [ва бар таҳримашон далеле доред], аз рӯйи илм [-у мантиқ] ба ман хабар диҳед

6:144 Ва аз шутур як ҷуфт ва аз гов як ҷуфт [офарид].Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Оё вақте Аллоҳ таоло шуморо ба ин [таҳрим] супориш мекард, [онҷо] ҳозир будед? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад, то бидуни ҳеҷ [санаду] илме мардумро гумроҳ кунад? Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад»

6:145 Бигӯ: «Дар он чи [аз аҳкоми илоҳӣ, ки] ба ман ваҳй шудааст, [ғизои] ҳаромеро, ки хӯрданаш барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар [гӯшти] мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид [наҷасу ҳаром] аст, ё [қурбоние, ки ҳангоми забҳ] аз рӯйи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда бошанд». Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо] ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст

6:146 Ва ҳар [ҳайвони] чанголдореро бар яҳудиён ҳаром кардем ва аз гову гӯсфанд, чарбҳои он дуро бар онон ҳаром кардем, магар чарбҳое, ки бар пушти онҳо ё даври рӯдаҳост ё он чи бо устухон даромехтааст. Ин гуна ононро ба сазои саркашияшон муҷозот кардем ва бе тардид, Мо ростгӯем